ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАБАРНИГОРИ “ҶУМҲУРИЯТ” ДМТ-РО БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ КАРД

ХАБАРНИГОРИ “ҶУМҲУРИЯТ” ДМТ-РО БО ДИПЛОМИ АЪЛО ХАТМ КАРД

14 август 2024, Чоршанбе
10
0

 
Дилноза Ҳукматуллоева, ходими адабии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кард.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Маросими супурдани дипломҳои аъло 13-уми август доир гашт. Иттилоъ доданд, ки соли таҳсили 2023-2024-ро беш аз 250 нафар бо дипломи аъло ба итмом расондааст.
Ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода хатмкунандагонро табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсаф мебошад. Таъкид шуд, ки намунаи дипломҳои ДМТ ҷавобгӯ ба меъёру талаботи байналмилалӣ аст.
Воқеан, Дилноза Ҳукматуллоева замони донишҷӯӣ, ҳангоми дар курси сеюми факултети журналистикаи ДМТ таҳсил кардан, ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба кор қабул шуд ва асосан дар масъалаҳои иҷтимоӣ мақолаву гузоришҳо менависад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив