ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АМАЛИЁТИ «КОРД». ДАР ХАТЛОН  БЕШ АЗ 700 АДАД СИЛОҲИ САРД МУСОДИРА ШУД

АМАЛИЁТИ «КОРД». ДАР ХАТЛОН  БЕШ АЗ 700 АДАД СИЛОҲИ САРД МУСОДИРА ШУД

14 август 2024, Чоршанбе
31
0
Аз ҷониби раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардондани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда аз 8-уми августи соли ҷорӣ амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ шуд. Дар доираи амалиёт кормандони милитсия якчанд нуқтаҳои фурӯши корду табарчаҳои ғайристандартӣ, электрошокер ва кастетро муайян намуда, фаъолияти онҳоро қатъ карданд. 
Зимни баргузории амалиёт дар зарфи 3 рӯзи аз ҷониби кормандони милитсияи вилоят, дар умум, 768 адад силоҳи сард, аз ҷумла: 700 адад корди гуногунтамға (дудама, рахдор, финка), 24 адад кастет, 2 адад электрошокер ва 42 адад табарчаҳои сохти ғайримуқаррарӣ дарёфту мусодира гардид. Гуфта мешавад, ки ҳамаи силоҳҳои сарди мусодирашуда, бо қабули қарори дахлдор несту нобуд ва корношоям гардонда мешаванд. 
Мақомоти милитсияи Хатлон ба ин назаранд, ки маҳз дар натиҷаи баргузории ин гуна чораандешиҳо пеши роҳи ҷиноятҳои бо истифода аз силоҳи сард содиршаванда гирифта мешавад. Таҷрибаи тафтишотӣ собит намудааст, ки ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифода дар корҳои  хоҷагидорӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану дар муноқишаҳо истифода бурдан, ҳамзамон, тарс додани рақибони худ мехаранд. 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив