ВАРЗИШ
ҚАДРДОНӢ
Пешвози бошукӯҳи ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024
Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024, ки аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор шуд, субҳи 14-уми август бо се медали биринҷӣ ба Ватан баргашт.
Парчамбардорони Ватанро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулони соҳа, мухлисону ҳаводорон ва пайвандонашон пешвоз гирифтанд.
Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ – ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва муштзан Давлат Болтаев зимни суханронӣ дар назди ҷамъомадагон ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои доимиашон нисбат ба варзишгарон, ҳамчунин, ба мардуми тоҷик изҳори сипос намуданд.
Гулнора Болтаева, модари Давлат дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Натавонистам рафти муҳорибаҳоро мустақим бубинам. Ман фақат дуо кардам, ки Давлатҷон номи кишварамонро боло бардорад”.
Падари Сомон Моёншо Маҳмадбеков иброз дошт, ки расидан ба чунин дастовардҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Сомон мебошад. Наврасону ҷавонон бояд донанд, ки машқи пайваста шахсро ба қуллаҳои баланд мерасонад.
Пас аз маросими пешвозгирии бошукӯҳ ифтихороварон дар майдони "Дӯстӣ" бар пояи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.
Шомгоҳон ба хотири ҷоизадорон дар Амфитеатри пойтахт барномаи тантанавии фарҳангӣ доир гашт. Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода ҷоизадорони Олимпиадаро табрик намуданд. Зикр шуд, ки варзиш яке аз воситаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон мебошад. Бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бунёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
ҶУДО
Медали нуқраи Икром Шамсов дар Ҷоми Осиё
10-11-уми август дар Макаои Чин Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон доир гашт.
Дар мусобиқа миёни наврасон 78 варзишгар аз 11 давлат ва миёни ҷавонон 108 варзишгар аз 14 давлат ширкат карданд. Ҷумҳурии моро як нафар – Икром Шамсов миёни ҷавонон намояндагӣ карда, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Ӯ дар вазни -60 кг дар ду давр бар варзишгарони Ҷумҳурии Корея ва Тайпей ва дар нимфинал бар намояндаи Муғулистон пирӯз гашт, вале дар финал аз варзишгари дигари Муғулистон шикаст хӯрд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2024 №: 156
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)