ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИМКОНИЯТҲОИ СОДИРОТ БА БОЗОРИ ҶАҲОН МЕАФЗОЯНД

ИМКОНИЯТҲОИ СОДИРОТ БА БОЗОРИ ҶАҲОН МЕАФЗОЯНД

16 август 2024, Ҷумъа
66
0
 
Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолияташро дар самти иҷрои саривақтии ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда, баҳри рушди содироти молу маҳсулот, хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби харидорон, шарикони тиҷоратии боэътимод чораҳои заруриро амалӣ менамояд.


ТАЪСИСИ ХОНАҲОИ САВДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ВА ЭСТОНИЯ
Дар нимсолаи аввали соли равон Агентӣ ҷиҳати густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, баҳри тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозори содиротӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ бо чанд намояндаи корпуси дипломатӣ, ширкатҳои дохиливу хориҷӣ вохӯрда, масъалаҳои тақвият бахшидани фаъолият дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои содирот, ташкили марказҳои содирот ва бартараф намудани монеаҳо дар самти содироти маҳсулоти ватаниро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷаи мулоқотҳо аз тарафи Агентии содирот, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони хориҷӣ масъалаи таъсиси хонаҳои савдои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Эстония, баррасӣ гардида, иқдом дар марҳалаи амалишавӣ аст. 
Тавре директори Агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, ҳамзамон, Агентӣ созишномаи ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷоя оид ба амаликунии сохтори Хонаи савдои Тоҷикистон дар Эстонияро ба имзо расонд. Ин иқдом баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ  бори аввал аст, ки роҳандозӣ мегардад ва ба оғози фаъолияти аввалин Хонаи савдои Тоҷикистон дар Эстония роҳ ёфтани содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд. Ҳадаф аз таъсиси хонаҳои савдо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ барои содиркунандагони молу маҳсулот ва соҳибкорони ватанӣ мебошад.
 
БУНЁДИ КОРХОНА ОИД БА МАРКАЗИ ТАҚСИМОТИ ЯКЛУХТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар баробари тадбирҳои болозикр, зимни сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, байни Агентии содирот ва Агентии рушди содирот ва сармоягузории Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Инчунин, роҳбарияти Агентии содирот рӯзҳои 21-24-уми майи соли равон дар ҳошияи Форуми “Озарбойҷону Тоҷикистон” бо роҳбарияти як қатор субъектҳои соҳибкории кишвари мазкур гуфтушунидҳои мустақим анҷом дод. Яке аз гуфтушунидҳои натиҷабахш ба мувофиқа расидани Агентии содирот бо Ширкати “Universal Treyd XI” ҷиҳати дар Тоҷикистон таъсиси корхонаи муштарак оид ба бунёди Маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли консентратҳои меваҳои табиӣ бо мақсади содироти маҳсулоти омодашуда ба Озарбойҷон ва кишварҳои сеюм мебошад.
Агентӣ бо шарикони рушд баҳри зиёд кардани иқтидори содиротӣ тавассути таъсиси марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ва корхонаҳои муштарак барои харид, захира, бандубаст, нигоҳдории маҳсулот, истгоҳи мошинҳои боркаш тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба ҷудо кардани 1,7 гектар замин аз ҳисоби заминҳои дорои таъиноти саноатӣ барои бунёди парки технологию логистикӣ қабул гардида, масъалаи тарҳрезии инфрасохтори ин иншоот амалӣ шудааст. Бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳо дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғу токзор, инчунин, минтақаҳои парвариши сабзавот, кам кардани талафоти ҳосил Агентии содирот бо Ширкати «Kreuzmayn Maschinenbau GmbH»-и Австрия аз рӯйи масъалаи ба Тоҷикистон ворид намудани корхонаҳои сайёри истеҳсолӣ, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ беҳамтоанд, кор мебарад. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки таҷҳизот ба ноҳияҳои дурдасти мамлакат тавассути ядакҳои нақлиётӣ расонда шуда, маҳсулот дар ҷояш коркард шавад. 
 
МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ХАРИДОРИ БЕШТАР ПАЙДО МЕКУНАД
Ба иттилои Баҳриддин Сироҷиддинзода, ҳоло КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ бо 32 намояндаи диаспораҳои тоҷикони Россия ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Айни замон, бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар пиёз, олу, лаблабу ва қаламфури булғорӣ содирот гардида, барои дар оянда афзун намудани иқтидори содиротӣ ҳамкорӣ бо дигар ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи мамлакат тақвият бахшида мешавад. Аз тарафи Агентӣ тавассути КВД «Тоҷагропромэкспорт» бо ширкатҳои қазоқистонии «Казтрейд», «Касум Групп», ширкатҳои  Россия – «МаксиФрут», «Гранд-Трейд», «Меридиан» ва ширкатҳои Беларус – «Просторитейл», «Евроторг» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар маҷмуъ, 1446 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гашт. 
– Тибқи дархости шарикони тиҷоратӣ ба нақша гирифта шуд, ки ангур беш аз 2 ҳазор тонна, олуи сиёҳ 400 тонна, маҳсулоти полизӣ (тарбуз, харбуза) 300 ва хурмо 300 тонна ба хориҷи кишвар фурӯшем. Ҳамзамон, оид ба содироти як тонна асал бо Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтушунид идома дошта, намунаи асали табиӣ ирсол гардид, ки тибқи хулосаи ниҳоии он ҷониб асал низ содирот мешавад, – гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
 
ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ  БЕШ АЗ 4,4 МИЛЛИАРД  ДОЛЛАРРО ТАШКИЛ КАРД 
Дар шашмоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон бо 104 мамлакат, 10 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 94 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро ба роҳ монда, ба 53 давлат маҳсулот фурӯхт. Дар асоси маълумоти оморӣ, дар ин муддат гардиши савдои хориҷӣ беш аз 4,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 29,3 дарсад афзудааст. Тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ба он мусоидат намуд, ки аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 997,8 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардид. Нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 319,2 миллион доллар бештар аст. 
 
ТАКОНИ ҶИДДӢ ДАР АФЗОИШИ  СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ САНОАТ  ВА КИШОВАРЗӢ 
Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ низ 48,1 дарсад боло рафта, ба 969 миллион доллар расид. Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, ки дар байни маҳсулоти содиршаванда маҳсулоти кишоварзӣ нақши намоён дорад. Ҳамин аст, ки аз кишвар 77,1 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 28,8 миллион доллар ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 миллион доллар афзуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли рафта аз рӯи ҳаҷм зардолуи хушк, меваҳои хушки омехта, тухми мурғ, мева, тухмиҳои равғандор ва дигар рустаниҳои доруворӣ, лаблабу, себи хушк, карам, олу, сабзӣ зиёд интиқол ёфтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҳиссаи зиёди содироти сабзавот, мева ва меваи хушк ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия, Покистон, Ироқ, Ӯзбекистон, Туркия, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Украина, Озарбойҷон, Олмон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Лаҳистон, Италия, Литва ва дигар давлатҳо рост меояд.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив