ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШОН. ВАЗЪИ СОҲАҲОИ МАОРИФУ ФАРҲАНГ БЕҲТАР МЕГАРДАД

РӮШОН. ВАЗЪИ СОҲАҲОИ МАОРИФУ ФАРҲАНГ БЕҲТАР МЕГАРДАД

16 август 2024, Ҷумъа
10
0
– Шуъбаи  маорифи ноҳияи Рӯшон системаи назорати дохилии муассисаҳои таълимиро баҳри иҷрои барномаҳои соҳавӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намуда, дар ин самт як қатор тадбирҳои судмандро анҷом дод. Яке аз самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ мебошад. Ин нишондиҳанда дар ноҳия зиёда аз 82 дарсадро ташкил медиҳад, – иброз дошт Лайло Чоршанбезода, муовини раиси ноҳияи Рӯшон.
Ҳамчунин, рафти иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи  маърифат» ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти назорати доимии роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Мутобиқи нақшаи МИҲД-и ноҳия дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи  маърифат» 236 нафар хонанда ва дар даври дуюми он 141 нафар иштирок намуда, 33 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанда, бо ифтихорномаву мукофотпулӣ қадр шуданд. Онҳо феълан омодагиро ба даври  вилоятӣ  идома медиҳанд. Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 158 нафар, аз ҷумла 149 хонандаи мактаб, 9 омӯзгор  ва намояндагони дигар қишри ҷомеа иштирок намуда, 49 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.       
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин,  эълон  гардидани соли  2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11 барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалӣ, сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузаронда шуд, ки дар он 18  довталаб  аз  муассисаҳои  таълимии  ноҳияи Рӯшон ширкат варзида, 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар  озмуни “Spelling BEE» 54 нафар иштирок намуда, 6 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфт ва 2 нафар ғолиб гардида, соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ шуд.
Дар олимпиадаҳои фаннӣ  аз 700 нафар  иштирокчӣ 112 нафар ба даври вилоятӣ ва 19 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 5 нафар сазовори медали биринҷӣ, 1 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар баробари пешравиҳо, дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳо низ ҷой доранд. Набудани кабинетҳои лабораторӣ барои корҳои таҷрибавӣ, норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ, мутахассисони санъат, пардохт накардани сафархарҷии омӯзгороне, ки ба курсу семинарҳо фиристода мешаванд, мавҷуд набудани базаи моддӣ-техникии омодагии дифои ҳарбӣ, нарасидани маблағ барои муҷаҳҳаз гардондани кабинетҳои фаннӣ ва омӯзишгоҳҳои таълимӣ масъалаҳоест, ки бояд бартараф гарданд.
Дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки аз муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, 11 муассисаи таълимии ҳудуди ноҳияро садамавӣ ба қайд гирифтанд.
 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив