ВОДИИ РАШТ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДА АСТ
Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар омодагӣ ба соли нави хониш идома дорад. Аз ҷумла, дар минтақаи Рашт ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи дониш ва ҷалби наврасон ба муассисаҳои таълимӣ, корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Ташкили ярмаркаҳои мактабӣ ва таъмири биноҳои таълимӣ аз ҳамин қабил чорабиниҳо мебошанд.
Дар ноҳияи Лахш омодагӣ ба соли нави хониш хуб ба роҳ монда шуда, масъулони соҳаи маориф барои бе мушкилӣ гузарондани он чораҷӯи намуда истодаанд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Турабек Аброров гуфт: "Лахш ноҳияи сарҳадист ва дар он намояндагони ду миллат – тоҷикону қирғизҳо истиқомат мекунанд, аз ин рӯ ба хотири ҷалби хонандагон, бахусус барои синфи якум, аз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ сатҳи баланди касбӣ талаб карда мешавад".
– Тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, барои оғози соли нави таҳсил омодаанд. Бо назардошти зиёд шудани сафи хонандагон дар назди муассисаҳои таълимии №№17 ва 57 синфхонаҳои иловагӣ сохта шуд, – иброз намуд Т. Аброров.
Зикр кардан ба маврид аст, ки корхонаи дӯзандагии «Сумая», ки махсус ба дӯхти либоси мактабӣ машғул аст, то ин дам 7000 ҷуфт либос дӯхтааст, ки нархи дастрас доранд. Хонандагон бо китобҳои дарсӣ низ таъмин мешаванд. Мутаассифона, норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам мушкилии асосии соҳа боқӣ мемонад.
Наҷмиддин Мирзоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод доир ба омодагиҳо ба соли нави таҳсил чунин гуфт: «Аксари биноҳои муассисаҳои таълимӣ навбунёд буда, дорои тамоми шароитҳои муосир мебошанд. Бояд гуфт, ки дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ду бинои таълимии дуошёна ба истифода дода шуд, ки ҳар кадом барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст. Сохтмони МТМУ №12 дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод бомаром идома дошта, дар назар аст, давоми соли хониш ба истифода дода шавад. Бо дарназардошти кӯчондани аҳолии минтақаи зериобмонии НБО «Роғун» шумораи аҳолии шаҳраки Дарбанд зиёд шуда, идораи Мудирияти минтақаи зериобмонӣ дар маҳаллаи 7-уми шаҳрак бинои таълимии 3-ошёна сохта истодааст, ки дар наздиктарин муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳанӯз мушкилиҳо дар ин самт вуҷуд доранд. Айни ҳол дар деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов хонандагони синфҳои болоӣ бо сабаби набудани бинои таълимӣ, қисме барои идомаи таҳсил ба шаҳри Роғун мераванд, бархеи дигар аз мактаб дур мемонад, аз ҷумла духтарон. Бо назардошти ин мушкилот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хотири идомаи таҳсили хонандагон чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар назар аст, ки ин деҳаи дурдаст низ дар наздиктарин муҳлат соҳиби таълимгоҳ шавад. Инчунин, шуъбаи маориф ба хотири таъмин намудани омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ чораҷӯӣ мекунад».
– Ноҳияи Сангвор низ ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи дониш омодагии хуб дидааст, – иброз намуд Рухшона Солеҳзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия. – То ин дам тамоми муассисаҳои таълимӣ таъмир ва дар назди 5 муассиса синфхонаҳои иловагӣ ҳам сохта шуданд. Масъалаи муҳим дар ин самт ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ, бахусус духтарон, ба тадрис аст, ки тайи ду соли охир ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтааст. Шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо кормандони дигар идораҳо ба хотири идома додани таҳсили духтарон дар тамоми ҷамоатҳо суҳбату вохӯриҳо доир намуда, волидонро огоҳ месозанд, ки соҳибкасб шудани духтарон ба хотири зиндагии шоистаи онҳост.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҷумҳурӣ 1-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Ба маълумоти оморӣ, имсол 260 ҳазор наврас ба синфи якум меравад, ки 125 ҳазорашро духтарон ташкил медиҳанд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)