РОҲБАРИ МУАССИСАИ ФАРҲАНГИИ СҲИ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Саад Хон, роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (намояндаи Покистон) аз Китобхонаи миллӣ дидан намуд. Дар ин вохӯрӣ Саад Хонро намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмононро роҳбарияти Китобхона ва кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалии он пешвоз гирифтанд. Пас аз пазироӣ меҳмонон дар осорхонаи Китобхона бо дастхатҳои нодири он ва намунаи хатҳои гуногуни гузаштагонамон, инчунин, наққошиҳо аз рӯи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» шинос шуданд.
Сипас, вохӯрии ҳайати меҳмонон ва намояндагони Китобхонаи миллӣ барпо гашт. Муовини аввали директор Салима Раҷабзода дар оғози суҳбат доир ба Китобхонаи миллӣ маълумот дода, зикр намуд, ки 10-уми ноябри соли 2021 Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид. Инчунин, Китобхонаи миллӣ бо Донишгоҳи Панҷоби Покистон ҳамкорӣ дорад.
Зимни суҳбат роҳбари Муассисаи фарҳангии СҲИ Саад Хон иброз дошт, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва инро барои худ ифтихор медонад. Ӯ аз ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ бо Покистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки ҷонибдори рушди ин гуна ҳамкориҳои созандаи илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар аст.
– Вазифаи аслии Муассисаи фарҳангии СҲИ ба гуфтаи роҳбари он ҳамкорӣ ва барқарории робитаҳо миёни китобхонаҳо, осорхонаҳо, радиову телевизион ва муассисоти синамоӣ аст. Ин Муассиса тасмим гирифтааст, ки иртибот ва ҳамоҳангии байни нависандагону шуарои кишварҳои СҲИ-ро ҳам тақвият бахшад.
Ҳамон тавре ки меҳмон гуфт, онҳо талош мекунанд, то дар солҳои оянда як иртиботу ҳамоҳангии мустаҳкаме миёни 17 кишвари аъзои СҲИ барқарор кунанд. Саад Хон хостори иртибот ва ҳамоҳангии бештаре байни китобхонаҳои кишварҳои СҲИ шуд. Ин амал ба пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон имкон фароҳам меорад, ки дастарсии бештаре ба манобеъ ва китобҳои нодир дошта бошанд. Ба таври мисол, агар як пажӯҳишгар дар Анқара хоҳад, ки доир ба Тоҷикистон маълумоти бештаре ба даст орад, қобилияти дастрасӣ ба манобеъ ва иттилооти Тоҷикистонро дошта бошад.
Раҳима АЪЗАМ,
корманди бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)