БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”
ТАРБИЯТГАР ВА НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
Дар оилае, ки ҳамсарон поку бошарафанд, ҳатман фарзандони солеҳ ба дунё меоянду тарбият мешаванд. Инсонҳое, ки бо илму ҳунар, бо хирад дар рӯзгори башар дигаргунии куллӣ ба вуҷуд меоранд, аз шаҷари номвар ва хонадони пок, падару модари бузургвор ба дунё омадаву тарбият дидаанд. Падар, мусалламан, ба таъмини иқтисодии оила машғул аст ва тарбияи фарзанд, асосан, бар дӯши модар аст. Бинобар ин, дар рӯзгори ҳар шахс чи гуна будани модар бештар муҳим аст. Таърих собит намудааст, ки модарони нодирагону нобиғагон инсонҳои одӣ набудаанд. Ҳама инсонҳо, вақте ба дунё меоянд, яксонанд. Бо хотираи чун оина пок. Ва ин оинаро модар пур аз нақшу нигор мекунад. Нобиғагон, пеш аз ҳама, бар пояи талошу тарбияи муассири модарони хеш бар мартабаи волои илму дониш, сиёсату фарҳанг расидаанд.
Гоҳо ҳайрон мешавам, ки чаро дар кишвари озоду шукуфоям ягон модар-зан шоистаи унвони Қаҳрамони Тоҷикистон нашудааст. Магар дар ҷаҳон кам ҳастанд бонувоне, ки унвони бошарафи қаҳрамониро мушарраф гаштаанд? Масалан, ман дар қатори бонувони машҳури олам Жанна д'Арк, Валентина Терешкова, Маргарет Тэтчер, Индира Ганди, Беназир Бҳутто... модари аллома Бобоҷон Ғафуров – Розия Озод ва Майрам Шарифова – модари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мешуморам.
Чаро модаре, ки як умр заҳмат кашид ва фарзанде тарбият кард, ки як миллати дар раванди таърих соҳибтамаддунро тариқи китоби “Тоҷикон” ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, шоистаи унвони қаҳрамонӣ набошад? Ё модаре, ки фарзанди муъҷизамасалеро тарбия намуд, ки миллати тоҷикро аз завол наҷот дод, ба дарёфти чунин унвон шоиста набошад?
Мо, агар ба ин бонувони шарафманд – Розия Озод ва Майрам Шарифова унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро диҳем, эҳтироми мо нисбат ба модарони тоҷик аёну афзун мегардад ва мутмаинам, ки он ҳангоми ба воя расондану тарбияи кӯдакон аз ҷониби модарон манфиатовар хоҳад буд. Рисолат ва масъулияти ҳар зан, пеш аз ҳама, тарбияи фарзанд аст, фарзанде, ки тавонад, рӯзгори башарро дигар кунад, миллати рӯбазаволро наҷот диҳад, албатта, осон нест. Фарзанде, ки бо симои худ дар арсаи олам шиносномаи фарҳангу дониши миллати худ шавад. Чи қадар заҳмат кашидаанд бибӣ Майрам Шарифова ва инро надонистану қадршиносӣ накарданамон носипосӣ хоҳад буд. Пешниҳод менамоям, ки ба ин модари бузург унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад ва ба ифтихораш ҷоизае таъсис ёбад. Роҷеъ ба занҳои маъруфи дунё, аз ҷумла аз рӯзгори шоҳбонуи Британияи Кабир ҳар рӯз аз расонаҳо мехонам, ки кадом либос пӯшид, чи кор кард, куҷо рафт. Аз рӯзгори сарояндаҳое, ки бидуни фонограмма ва ороиши сунъӣ чандон маҳбубият надоранд, ҳама ҷо пур аз тарғибу ташвиқ аст. Аммо аз намоди миллӣ, покиву меҳрубонӣ, шарофату зебоӣ, асолати бонуи тоҷик, мушкилписандӣ, садоқат ба оила, намоди маданияту назокати миллӣ, намоди ҳақиқии модари тоҷик, бибӣ Майрам Шарифова чизи камтаре медонем. Мо бояд бонувони поку отифа, бонувоне, ки воқеан, шарафу нангу номуси миллат ҳастанд, шиносему муаррифӣ бикунем. То ҳамин асолат, то ҳамин покӣ, то ҳамин симои зебои миллӣ мавриди пайравӣ ва омӯзиш бошад, идеали бонувони тоҷик гардад.
Ман ҳамагӣ аз як навори телевизионӣ симои фариштавору шаффоф ва сапеду садбаргвори модар Майрам Шарифоваро дидаам. Бонуе бо либосҳои сапеду олуфта, бо либосҳои миллӣ даст ба дуо бардошта, фарзанди худ ва дар симои фарзанди худ ҳамаи мардуми Тоҷикистонро дуои нек медиҳад. Садое, ки чун садои шаршараҳо, чун садое аз дурдасти муъҷизаҳо ҳамеша дар хотир мемонад. Бонуе, ки аз як дидан ба покиву ҳаё ва шарафи ӯ мехоҳӣ пайравӣ бикунӣ. Симое, ки маълум аст, ҳамеша нон бо меҳнати ҳалол хӯрдаву фарзандонро ҳам дар ин ҷода бо заҳмати фидоёна нони ҳалол хӯрданро омӯзондааст. Модаре, ки доғи фарзанд дидааст ва ин андуҳ дар симояш пайдост. Модаре, ки шоҳбонуи миллати тоҷик буд, аммо хоксор. Ёди ин фариштаи покиву адабу ахлоқи пуранвор, ин бонуи порсо ҷовидона бод! Ин модар дар олам назир надорад.
Ман дар бораи модари Ленин чанд китоб хондаам ва дар бораи занони машҳури олам низ, аммо чаро дар бораи бонувони миллати худ чизе нахондаам? Агар дар бораи модар Майрам Шарифова китобҳои ҳуҷҷативу бадеӣ навишта шаванд, як роҳи тарбияи покӣ, меҳнатдӯстӣ, озодагиву дурандешӣ ва чандин хислати дигар барои духтарони ҷавон мебуд. Ҳар кас дар зиндагӣ идеал дорад ва бибӣ Майрам Шарифова идеали садоқат ба оила, идеали ҳамаи хислатҳои поку муборак, озода барои бонувони тоҷик метавонад бошад, зеро ӯ наҷотбахши миллати тоҷикро ба дунё оварду тарбият кард. Маҳз ба шарофати тарбияи ин бонуи нотакрор миллати мо чунин сиёсатмадори нодири ҷаҳонӣ дорад. Вақте ба симои модари Президенти Тоҷикистон нигоҳ мекунам, дар тасвиру наворҳо ӯро намояндаи тамоми бонувони покизаву порсову боҳаёи Тоҷикистон дармеёбам. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вақте ба сари ҳокимият омаданд, ки Тоҷикистон валангору халқ гушнаву рӯзгори мардум дар вартаи хатар буд. Тасаввур кунед, ҳоли модареро, ки рӯзгори фарзандаш чун ашк рӯйи мижгон аст. Шабҳои бехобии модар, хавотирӣ, интизорӣ, тоату ибодат ва дуо... Ин ҳамаро ман ҳис мекунам. Ин ҳама ҳолатҳои модари фариштамисоли миллати тоҷик Майрам Шарифова аст, дар он сӯйи пардаҳои таърих. Ин ҳолатҳои як модарро чунон ки ҳаст, тасвир карда намешавад, ин ҳамаро навишта намешавад. Ин ҳамаро танҳо модарон ҳис мекунанд, мебинанд, мешиносанд, медонанд...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ба ёди модар мешаванд, ашк мерезанд. Гиряи Қаҳрамони беназири миллати тоҷик ба ёди модар, зиёрати марқади ӯ дар телефонҳои мардум ҳифз асту миллионҳо бор тамошо мекунанд. Ин як расми наҷиби эҳтироми модар аст, ки пайравӣ хоҳад дошт. Навори дуои модар Майрам Шарифова дар ҳаққи фарзанди барӯманди хеш дар хотири ҳама маҳфуз аст. Агар мо аз ин модаре, ки поку отифаву шарафёр, хоксору бомаданият, дурандешу меҳнатдӯст, маҷмуаи хислатҳои фариштавор фахр накунем, бо кӣ фахр мекунем? Ӯ намоди бонувони миллати тоҷик – модарони мост. Маҳз фарзанди чунин модари фариштамасал маданияту адаб ва фарҳанги олие дорад, ки дастгиру ғамхору паноҳи бонувони миллат мебошад. Чунин шахсияти нодир ҳазорҳо сол як маротиб ба олам меояд, бо рисолати муқаддасе.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суҳбатҳои худ ёдовар шудаанд: “Модарам тамоми душвориҳои рӯзгорро бар дӯш гирифт ва ба падарам илтиҷову зорӣ кард, ки маро ба хондан фиристад”. Оре, ҳамин тасмими модар муқаддимаи корномаҳои беназири Пешвои муҳтарами мост.
Адиба ХУҶАНДӢ, шоир
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)