ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ВОСЕЪ.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

НОҲИЯИ ВОСЕЪ.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

19 август 2024, Душанбе
12
0
Дар партави сиёсати  башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол ба сол тараққӣ дорад. Дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иншооти соҳаи тандурустӣ сохта ва ё аз таъмир бароварда мешаванд.  Аз ҷумла, бунгоҳҳои муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳияи Восеъ анқариб пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда,  дар онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ ба сокинон фароҳам омадааст. 
Диловар Валиев, роҳбари муассиса дар суҳбат ба хабарнигори  “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар назди КАТС-и ноҳия 41 маркази саломатии деҳот ва 27  бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, 78  духтури дорои маълумоти олӣ, 978  корманди миёнаи тиб ва 105 корманди хурди тиббӣ ба 237 ҳазору 630 нафар сокини ноҳия хизмати аввалияи тиббӣ мерасонанд. 
Д. Валиев гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон 6 табиб ва 48 корманди миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузашта, ҳамзамон, се духтури дорои маълумоти олӣ ва 15 корманди миёнаи тиббӣ ихтисоси худро сайқал мебахшанд. 
Маврид ба зикр аст, ки дар маркази саломатии ноҳия як ҳуҷраи хатна мавҷуд буда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ  дар ин ҳуҷра 95 кӯдак ройгон хатна карда шуд. Диловар Валиев, инчунин, гуфт, ки дар ин муддат 1569 нафар издивоҷкунанда  ба марказ ташриф оварда, аз муоинаи тиббӣ гузашт.   
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив