ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».  ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОҒОЗ ГАРДИД

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».  ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОҒОЗ ГАРДИД

21 август 2024, Чоршанбе
25
0
Инак, соли шашум аст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дӯстдорони каломи бадеъро ба ҳам меоварад.
Озмун баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат шуруъ аз моҳи январ дар чор давр баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд: «Аз 15 то 27-уми август даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Боиси зикр аст, ки дар даври якуми Озмун 251 ҳазору 266 довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 11 ҳазору 609 нафар зиёд гардида, теъдоди иштирокчиён аз ҳисоби хонандагони синфҳои 1-5 афзудааст. Аз шумораи умумии 251 ҳазору 266 иштирокчии даври аввали Озмун 49 ҳазору 267 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 2216 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 49 ҳазору 267 иштирокчии даври дуюми озмун ба даври сеюм 3716 довталаб роҳхат гирифт. Тибқи дастури Пешвои миллат, соли 2024 низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявӣ имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он довталабони даври чоруми Озмун аз ҳисоби хонандагони синфи 11 ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд». 
Ёдовар бояд шуд, ки номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» тағйири ном кардааст. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини Озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо ин назардошт, номинатсия имсол ба се гурӯҳ ҷудо шудааст: гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм – хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм – хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва донишҷӯёни солҳои 1-3-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
Ҳамчунин, имсол барои ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза» ба 4 адад зиёд гардид. 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив