ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАБАРҲО АЗ ХАТЛОН

ХАБАРҲО АЗ ХАТЛОН

21 август 2024, Чоршанбе
11
0
НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 
Боздиди раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои қасри фарҳанг, нозироти андоз, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, боғи фарҳангию истироҳатӣ ва дигар иншоот, ки бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд, дидан намуд. 
Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид кард, ки бояд иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд ва тибқи нақша, сохта шаванд. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки ба намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулонро ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии қасри фарҳанги ноҳия, равшаннамоӣ, шинондани гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва сояафкан ҷалб намуд.
Ба ифтихори Ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 6260  иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 3090-тоаш ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҷиҳати зиёд намудани шумораи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар умум, 739  иншоот иловатан ба нақшаи чорабиниҳо ворид гардида, корҳо дар ин самт батадриҷ амалӣ мешаванд.
 
 
ФАРХОР
Ифтитоҳи бинои иловагии МТМУ №14 
Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор бинои иловагии МТМУ №14-ро, ки барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дод. 
Сохтмони бинои иловагӣ соли 2023 оғоз ёфта, маблағи харҷномавиаш 463 ҳазору 804 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ҷониби Бонки саудии рушд ҷудо гардидааст. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат мебошад.  Дар ҳудуди бинои нав корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ идома доранд.
Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо омӯзгорон иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.
– Чунин  шароити хуб хонандагонро вазифадор менамояд, ки таҳсилро хуб идома дода, забонҳои хориҷиро омӯзанд. Инчунин, омӯзгорон бояд насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, илмомӯзӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд, – афзуд раиси вилоят. 
Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон, дар маҷмуъ, 32 иншооти иборат аз 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст  мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 165 иншооти соҳаи маориф, ки аз 1137 синфхона иборат буда, 28425 ҷойи нишастро дар як баст фаро мегиранд, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
 
 
ҶОИЗАИ "ВОРИСИ СИНО" НАСИБИ КӢ ШУД?
Дар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи табибон (18-уми август) ба шаш нафар ходими соҳа Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Вориси Сино" тақдим шуд.
Ҷоизаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, савияи дониши касбии кормандони соҳа, ҳифзи саломатии омма ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати беморон, инчунин, ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустӣ, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 15-уми феврали соли 2019, №46 таъсис дода шудааст ва ҳар сол ба 6 нафар дода мешавад. 
Имсол дар натиҷаи хулосаи кумитаи тадорукот 6 табиб ва собиқадори соҳа аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Шаҳритус барандаи ин ҷоиза гардиданд. Ҷоизаҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода тақдим намуд. Инчунин, як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои МИҲД-и вилояти Хатлон қадр карда шуданд.
 
 
 
НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Баргузории мулоқоти судманд 
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳамчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  мулоқоти навбатии сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода бо сокинони деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд. 
Дар оғози мулоқот Шариф Назарзода аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ёдовар шуд. Сипас, ӯ доир ба тақвият бахшидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати коҳиш додани вазъи нигаронкунандаи ҷинояткорӣ миёни сокинони ноҳия, пешгирӣ аз шиддати шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардондани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи аъзову пайравон ва тарафдорони ташкилотҳои ифротӣ (тибқи талаботи қонунгузорӣ агар бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд ва дар кирдорашон дигар ҷиноят набошад аз ҷавобгарӣ озод мешаванд) сухан гуфт.
Номбурда дар идома аз дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас ва ҷавонон, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва, пеш аз ҳама, дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳоро сафарбар намоем.
Зимни вохӯрӣ  дар бораи нақшаи даъват ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, омӯхтани мактаби далериву мардонагӣ,  хизмат ба Ватан-Модар ва шароитҳои муҳайёгардида дар қисмҳои ҳарбӣ низ сухан рафт.
Доир ба ҳадафҳои дигари вохӯрӣ, аз ҷумла  ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни милитсия бо ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал, нигоҳдошти солимии ҷомеа, ибрози назар карда шуд.  
Дар навбати худ, иштирокдорон  гуфтанд, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастаҷамъона талош меварзанд.
 
 
 
ХУРОСОН 
Ифтитоҳи иншооти  хизматӣ
Дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар иншооти навбунёди хизматӣ, аз ҷумла бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ва ошхона бо 100 ҷойи нишаст, барои кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои кормандони милитсия шароити муосири корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идома автомашинаҳои нави хизматӣ дар вазъияти тантанавӣ ба қисми навбатдорӣ ва шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ супурда шуд. Тақдими воситаҳои нақлиёти хизматӣ ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи лозима фаъолият намудани кормандони милитсия заминаи боэътимод мегузорад. Гуфта шуд, ки истифодаи ин гуна воситаҳои нақлиёт дар мавриди ба таври фаврӣ иҷро намудани дастуру супоришҳо таъсиргузор хоҳад буд.
Дар зимн, роҳбарияти раёсат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳайати кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон  мулоқот оростанд. Бо назардошти ин ҳама дастгириву  иқдомҳои созанда дар чунин муҳити зебову созгор, аз кормандони милитсия даъват ба амал оварда шуд, ки  барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ камари ҳиммат банданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив