ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ.  ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МАКТАБ – ИНТЕРНАТҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД

МАОРИФ.  ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МАКТАБ – ИНТЕРНАТҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД

21 август 2024, Чоршанбе
30
0
Дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ баргузор гардид ва зимни он вазъи мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
 
Тавре ба мо аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 16 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, 19 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, 2 хонаи бачагон, 22 мактаб-интернати наздимактабӣ, 1 мактаби махсус барои кӯдакони душвортарбия, 1 мактаб-интернати хонандагони лаёқатманд бо фарогирии 7706 нафар (2508 духтар) фаъолият менамоянд. Аз 61 мактаб-интернат 14 адади он дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб-интернат дорои мақоми маҳаллӣ мебошанд.
Дар ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ иброз дошт: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсил, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд. Ҳамзамон, сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзмандро дастгиру пуштибон буда, барои онҳо шароити хуби таҳсилу кор фароҳам овардааст».
Дар идома таваҷҷуҳи ҳозирон ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, иштироки бештари хонандагони ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ ва баргузории ҳар гуна машғулият барои ятимону бепарастон баъд аз дарс нигаронда шуд. Иброз гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ин муассисаҳо дар шароити замони муосир аз масъулон масъулияти боз ҳам бештар талаб менамояд.
 
Т. МУҲАММАДУЛЛОҲ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ҶОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОҶИ СОМОН» ДАР СОҲАИ КИНО
 
Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик моҳи октябри соли ҷорӣ маросими супурдани Ҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. 
Ҷоизаи «Тоҷи Сомон», ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, имсол таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад. Синамоҷоизаи миллӣ бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо ва дар доираи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 сурат мегирад. 
Дар доираи ин чорабинии муҳим филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин, ба барномаҳои гуногуни он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, метавонанд пешниҳод шаванд.
Барои муайян намудани беҳтарин филмҳо дар бахшҳои «Озмунҳои миллии филмҳо» ва тақдими ҷоизаҳо ба онҳо ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ва миллӣ иборат аз муътабартарин филмсозон, мунаққидон ва пажӯҳишгарони фарҳанги синамоӣ даъват мегарданд.
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АЗ ПЕШГИРӢ ТО МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ.  БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва дар доираи  нақшаи чорабиниҳои Ассотсиатсияи шурои занони ВКД дар қисми низомии «Н» чорабинии тантанавӣ доир гардид.
 
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, генерал-майор Сафиалло Азизуллозода оғоз намуда, зикр кард, ки мақсад аз баргузории вохӯрӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониш, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус сарбозону кормандони ҷавони ин ниҳод, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, оқибатҳои ногувору харобиовари амалҳои террористиву экстремистӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад. Таъкид шуд, ки мо дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризму экстремизм қарор дорем. Ин зуҳурот яке аз омилҳои хавфнок ва проблемаи глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад барои аз байн бурдани онҳо замина гузорад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишварро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳу субот, таъмини амният ва ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқати самимӣ миёни шаҳрвандон, аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, нагузорем, ки ба осоиштагӣ ва истиқлоли миллии давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон осебе расад.
Дар идома сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшарифзода вобаста ба волоият ва эҳтиром гузоштан ба қонунҳои амалкунанда, пос доштани муқаддасоти миллӣ, анъанаву оинҳои миллати тоҷик, расидан ба қадри падару модар, инчунин, даст кашидан аз урфу одатҳои бегона сухан ронд. Мавсуф зикр кард, ки: “Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба қадру манзалати зан-модар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гаштааст”.
Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД Суҳроб Рауфзода аз фаъолияти хизматии сарбозону афсарони ниҳод, баргузории дарсҳои омӯзишӣ, касбомӯзии сарбозон ва дигар самтҳои фаъолият сухан кард. Пас аз анҷоми чорабинии маърифатӣ иштирокчиён бо шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла хобгоҳу ошхона, шинос шуда, ба шароити муҳайёгардида ва тозагиву озодагии онҳо баҳои баланд доданд.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АСАРИ ФОРОБӢ ТАРҶУМА ШУД
Саидраҳмон Сулаймонов аз шарқшиносони шинохтаест, ки дар тарҷумаи осори мондагори шахсиятҳо, олимони маъруфи ҷаҳонӣ аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, чандин асарҳои илмии калонҳаҷми шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро тарҷума ва нашр кардааст, ки мавриди истифодаи пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва дигар ҳаводорон мебошанд.
 
Ин бор ӯ бо ҳамроҳии Б. Сулаймонов асари Абунасри Форобиро аз забони арабӣ ба забони русӣ бо номи “ Книга о словах, употребляемых в логике”-ро тарҷума карда, ба чоп расондаанд. Бешак, ин кор, яъне тарҷумаи илмии асари Форобӣ осон нест ва заҳмати зиёдро талаб дорад.
Абунасри Форобӣ солҳои 870-950 умр ба сар бурдааст. Дар Бухоро ва Самарқанд таҳсил мекунад. Баъдҳо дар Бағдод, ки он замон чун маркази маърифату сиёсат машҳур буд, зиндагияшро идома медиҳад.
Дар ин ҷо бо олимони машҳуру маъруфи давр ошноӣ пайдо ва ҳамзамон, такмили илму дониш мекунад, ба кишварҳои зиёди олам сафар менамояд, ки ин дар ҷаҳонбинии ӯ таъсири нек мерасонад.
Моҳи декабри соли 950 дар 80-солагӣ дар Димишқ, ҳангоми баргаштан аз Миср, аз дунё дармегузарад ва дар ин ҷо ҷисми беҷонашро ба хок месупоранд.
Форобӣ дар тамоми олам бо асарҳои мондагори худ шуҳрат меёбад. Саҳми беандозаи ӯро дар илму тарбияи инсоният, боло бурдани сатҳи маърифат эътироф ва қадр кардаанд.
Дониши фарохи ӯ дар фалсафа, забоншиносӣ, мантиқ, нуҷум, риёзиёт, ботаника, тиб, мусиқӣ ва ғайра то ба имрӯз ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. 
Аз ҳикматҳои мондагори ӯст: “Агар инсон дар ҷараёни тафаккур қоида ва меъёрҳои мантиқро дуруст истифода барад, илмро ба манфиати ҷомеа равона намояд, пас эътироф ва муҳаббати ҷомеа ӯро хушбахт мегардонанд”.  
Ҳамин тавр, тарҷума ва нашри ин китоб, махсусан барои пажӯҳишгарони илмҳои мантиқ ва забоншиносӣ туҳфаи арзишмандест. 
Хуб мебуд, агар мутарҷимон ин асарро ба забони тоҷикӣ низ тарҷума мекарданд. Инчунин, теъдоди нашраш 200 нусха мебошад, ки қаноаткунанда нест. Умед аст, ки асари мазкур баъди ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданаш бо теъдоди зиёд ба нашр мерасад. 
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив