ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҚТРО МЕДОН ҒАНИМАТ ҲАР НАФАС...

ВАҚТРО МЕДОН ҒАНИМАТ ҲАР НАФАС...

21 август 2024, Чоршанбе
11
0
Синф орому сокит. Чашмҳои ҷӯёю  пӯё ба сӯи муаллиму  ӯ  машғули  дарсгӯӣ. Ҳама мустамеи баёни омӯзгор, вале мушоҳида шуд, ки дар қатори охир хонандае бепарвоёна машғули бозии телефон буду хандаҳои беҷо мекард. 
 
Омӯзгор  сабр намуд, вале дид, ки толибилм ҳеч сар аз телефон намебардорад, пурсид: 
– Чаро  ба афкори хеш зулм мекунӣ? Чаро дар ҷое, ки бояд маънавиёти хешро рангин гардонӣ, ба сӯи торикӣ уруҷ мекунӣ? Оё намедонӣ, ки ҳангоми дарс истифодаи телефони мобилӣ манъ аст?
Хонанда дарҳол густохона ҷавоб дод:
– Ман ба дарси шумо халал ворид накардам, шумо низ ба ман кордор набошед.
Мутаассифона, хонандагону ҷавонони зиёди ҷомеаи имрӯза ба сомонаҳои гуногуни интернетӣ одат намуда, вақти пурқимати хешро беҳуда сарф мекунанд. Сад афсӯс, ки чунин хонандагони беадаб ба қадри омӯзгор намерасанд ва ҳар лаҳза ба ишон ранҷи бешумор меоранд. Аз ин рӯ, ба гӯши чунин хонандагони дар ғафлат монда, бояд зангӯлаи бедорӣ зада шавад, зеро ҷавонӣ айёми омӯзишу ҷустуҷӯст. Ҳаёти осудаи оянда ба меҳнату омӯзиши имрӯзаи ҷавонон вобаста аст. Ҳар як ҷавон меъмори саодати худ мебошад. Барои он ки фардо соҳибнусрату фархунданавид бошем, имрӯз бояд пайроҳаи росту дурустро интихоб намоем.
“Раҳбаре ҷӯ, ки дар ин бодия ҳар роҳе ҳаст”, – гуфтаанд. Дар ҳақиқат, калиди мифтоҳи рӯшноиву комронӣ дар дасти худи шахс аст ва беҳтарин роҳбаре, ки шуморо фаросӯи нуру сафо мебарад, китоб аст. Агар он маҷзубияту дилбастагие, ки ҷавонон ба телефони мобилӣ доранд, ба китоб медоштанд, олам мунаввар гашта,  қалбҳо оиназор мешуданд. Аз ин лиҳоз,  ҷавонон бояд лаҳазоти ҳаётро ғанимат шумурда, китоби зиндагиро бо хатҳои сабз мунаққаш созанд, зеро бузургон гуфтаанд:
Вақтро медон ғанимат ҳар нафас,
Чун равад, дигар наояд бозпас.
Бемавқеъ истифода бурдани телефони мобилӣ на танҳо ба маънавиёт, балки ба зеҳну шуур, системаи асаб ва ахлоқи ҷавонон  таъсири бад мерасонад.  Бо мақсади он ки ҷавонон телефони мобилиро танҳо дар вақти зарурат истифода баранд, аз ҷониби давлату Ҳукумат қонун  қабул шудааст, ки мувофиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Падару модарон низ муваззаф ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд ҷиддӣ бошанд. Бикӯшанд, то ниҳоли бо ноз парвардаашон, чун сарв рост ва пурманфиат бошад:
Шакар аст фарзанд, лек одоби вай
Ҳаст ширинтар аз аъноби дай.
 
Равшанҷон АШУРОВ, 
омӯзгори  Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив