ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУҶАНД. НАМОИ НАВИ КУҲАНШАҲР 

ХУҶАНД. НАМОИ НАВИ КУҲАНШАҲР 

23 август 2024, Ҷумъа
17
0
Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза ёфта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода мешавад. Корҳои ободонӣ, бахусус дар шоҳроҳҳо, маҳаллаҳо, соҳили дарёи Сир ва дигар мавзеъҳо, ҷараён доранд. 
 
30 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ БУНЁД МЕЁБАД 
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби истироҳату фароғат ва оммавигардонии варзиш, дар маҳаллаҳои шаҳр бунёди беш аз 30 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои 18 ва 19-и шаҳр, аз ҷониби онҳо риоя гардидани фарҳанги шаҳрдорӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониро таъкид намуд.  
Ёдовар  мешавем, ки Хуҷанд яке  аз шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад ва сол ба сол таваҷҷуҳи меҳмонон ба он меафзояд. Аз ин хотир, сокинон барои тозаву озода нигоҳ доштани он бояд масъулият ҳис намоянд.
 
СОҲИЛИ СИРДАРЁ ГУЛ МЕКУНАД 
Дар соҳили дарёи Сир, ки аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Хуҷандшаҳр ба ҳисоб меравад, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Роҳбарияти вилоят, барои боз ҳам зебову дилрабо гардондани он тадбирҳои зарурӣ меандешад.  
Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ шинос шуд. Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  аз пули куҳнаи шаҳр то пули ҷашнӣ роҳрав ба дарозии 2 километр ва паҳноии беш аз 8 метр бунёд гардида, дар он таҷҳизоти муосири варзишию нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта хоҳанд шуд. Айни замон, корҳои чароғонкунию панҷарабандӣ оғоз гардидаанд. Инчунин, дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёна дар назар аст. Бо ин, соҳили дарё намои нав гирифта, барои таваҷҷуҳи бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив