ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷиноят ва ҷазо

Ҷиноят ва ҷазо

23 август 2024, Ҷумъа
18
0
ҶАВОБГАРИИ ДИРЕКТОРЕ, КИ БЕШ АЗ 7 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАСАРРУФ КАРДААСТ
 
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба директори ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат С. Ғуломов ва дигарон баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, санҷиши молиявӣ – хоҷагидорӣ дар фаъолияти ин коргоҳ нишон додааст, ки С. Ғуломов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ дар чанд ҳолат тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 7 580328 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф кардаанд. Ин дар ҳолест, ки маблағи мазкур барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти лозима ба ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат пешбинӣ шуда, вале мувофиқи мақсад истифода нашудааст, ки директор ва ҳамдастонаш бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари, махсусан калони моддӣ расонданд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба С. Ғуломов ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ бандубаст шудааст.
 
 
ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҲОЛАТИ АВБОШӢ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани ду ҳолати авбошӣ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳолати аввал ноболиғи 13-сола даст ба чунин кирдор зада, 18-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми дар таваққуфгоҳи назди бозори “Ховарон” қарор доштанаш бо ноболиғи 16-сола муноқиша карда, ӯро бо корд захмӣ кардааст. Худи ҳамон рӯз чунин кирдори ҷинояткорона дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рух дода, марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия дар ҳолати мастӣ ба сӯи ноболиғи 17-сола теғ кашида, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.
Феълан ҳар ду ҳолат мавриди тафтиш қарор дорад. 
 
 
ХОНАФУРӮШИ МАРДУМФИРЕБ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУД
 
Нисбат ба як сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз ӯ марди 48-сола ном бурда мешавад, барои як хонаро ба ду кас фурӯхтанаш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Марде, ки ба содир кардани ин ҷиноят гумонбар мешавад, 20-уми октябри соли 2015 дар бинои навсохт, воқеъ дар маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд ҳуҷраи №107-ро бо тартиб додани шартномаи сармоягузорӣ ба маблағи 59 ҳазору 500 доллари ИМА баробар ба 390 ҳазору 915 сомонӣ ба марди 52-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров фурӯхта, 10-уми августи соли 2023 шартномаро бекор ва манзили истиқоматиро ба нафари дигар дода, ба ҷабрдида зарари калони молиявӣ расондааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив