ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОМПЮТЕР. БОЗ ДАР БОРАИ БУРДУ БОХТИ ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ

КОМПЮТЕР. БОЗ ДАР БОРАИ БУРДУ БОХТИ ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ

26 август 2024, Душанбе
25
0
Ҷаҳони муосирро бе техникаву технологияҳои нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷҳизоти гуногуни техникӣ, мисли смартфону, планшету компютер, як ҷузъи зиндагиамон гаштааст. Ҳамчунин, таҷҳизоти гуногуни техникӣ омили асосии рушди ҷомеа ва тамаддуни башарист. Аммо фаромӯш набояд кард, ки чунин таҷҳизот дар баробари фоида аз зарар низ орӣ нест.
БИНОӢ ПАСТ МЕШАВАД 
Ҳоло тамоми коргоҳу корхонаҳо ва, ҳатто, оилаҳо ба комютер дастрасӣ доранд. Аммо бояд донем, ки истифодаи барзиёди компютер ба саломатӣ зарар дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, бисёр нафарон, ҳатто, ҳис намекунанд, ки дар онҳо аломатҳои бемории чашм, ба монанди хушкии чаш¬мон авҷ мегирад, ки он аз истифодаи дуру дарози компютер ва нишастан дар ҳуҷрае, ки бо кондитси¬онер муҷаҳҳаз аст, сар мезанад. 
Олимони аврупоӣ муайян карданд, ки истифо¬даи компютер барои ҳар шахс давоми рӯз набояд зиёда аз се соат бошад. Аз се соат зиёд нишастан пушти компютер ба паст шудани биноӣ, хасташа¬вии организм, вайрон шудани кори системаи асаб, номуътадил шудани гардиши хун, бад шудани нафаскашӣ, дарди сар ва таъсири равонӣ оварда мерасонад. 
 
КӮДАКОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД! 
Қабл аз ҳама, бояд донем, ки кӯдакон ояндаи давлату миллатанд ва кӯшиш намоем, ки дар инки¬шофи ақлониву ҷисмонии онҳо саҳм гузорем. 
Тавре Рустам Қурбонализода, муовини дирек¬тор оид ба хизматрасонии модару кӯдаки Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе иброз на¬муд: «Агарчанде ки омӯзиши компютер талаби за¬мон бошад ҳам, вале ҳар кор ҳадду ҳудуд дорад. Яқин аст, ки истифодаи барзиёди телефон, теле¬визор ва компютер на танҳо барои кӯдакон, барои калонсолон низ, тавсия нашудааст. Мувофиқи тадқиқоти олимони ҷаҳон, мавҷи асбобҳои техникӣ ба асаби одами калон 20 ва барои кӯдакон 80 дарсад зарар мерасонад. Дар бисёр ҳолат, вақте кӯдакони синни мактабиро ба наздамон меоранд, онҳо аз дарди сару хориши чашм ва надоштани иштиҳову хасташавӣ шикоят мекунанд. Волидайн бошанд, аз зуд-зуд асабӣ шудани кӯдаконашон изҳори нигаронӣ мекунанд. Вақте мо дар ҷараёни табобат ба онҳо истифодаи компютеру телефонро манъ мекунем, ба зудӣ шифо меёбанд. Имрӯз, во¬лидайн, бахусус модарон, ҷиҳати саломатии фар¬зандон бетараф набошанд, кӯшиш намоянд, ки кӯдаконро аз телефону планшетҳо ва рафтан ба марказҳои компютерӣ дур нигоҳ доранд, зеро ис¬тифодаи техника ба ҳисси инкишофёбии зеҳнӣ ва равонии онҳо зарари ҷиддӣ расонда метавонад». 
 
СИНДРОМИ СТРЕССИ КОМПЮТЕРӢ 
Қудбиддин Каримиён, равоншинос, устоди ДМТ, доир ба ин мавзуъ чунин андеша намуд: «Масъалаи таъсири компютер ва технологи¬яи бо он алоқаманд ба солимии равонии ин¬сон солҳои охир ба мавзуи доғ табдил ёфта¬аст. Ин масъала дар илми тиб бо мафҳумҳои «Синдроми компютерӣ» ё «Синдроми стрес¬си компютерӣ» корбурд мешавад. Зери ин мафҳумҳо зарари дар натиҷаи кори зиёд бо таҷҳизот ва барномаҳои компютерӣ ба сало¬матии одамрасидаро мефаҳманд. Он аз як ҷониб ба узви биноӣ, системаҳои масуният (имунитет), такягоҳу ҳаракат алоқаманд бо¬шад, аз ҷониби дигар як қатор нороҳатиҳои равонӣ ва равониву иҷтимоиро, ба мисли вайроншавии хоб, хотира, дарди сар, хаста¬гии доимӣ, депрессия, изтироб, мушкилот дар робитаҳои иҷтимоъро дар бар мегирад. 
Бояд зикр намуд, ки зарари компютер маҳз ба истифодаи нодурусти он алоқаманд аст. Аз ин рӯ, роҳи ҳалли масъаларо низ, танҳо дар самти тағйири рафтори истифодабарандагон ҷустуҷӯ намудан ло¬зим, зеро риоя накардани меъёру андоза ва тарзи нодурусти истифодабарӣ дилхоҳ таҷҳизотро ба як чизи зараррасон табдил дода метавонад. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив