ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОЛИБ НЕЪМАТОВ. АЗ САХТГИРӢ ТО ДАСТГИРӢ

ТОЛИБ НЕЪМАТОВ. АЗ САХТГИРӢ ТО ДАСТГИРӢ

26 август 2024, Душанбе
13
0
Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Толиб Неъматов фаъолияташро дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” вақте шуруъ намуд, ки, аллакай, ҳамчун хабарнигор таҷрибаи кофӣ дошт. Ҳанӯз қабл аз ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан, дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ кор мекард. Дар нашрияҳои ноҳиявии Ҳисор (“Байрақи ленинизм”) ва шаҳри Қӯрғонтеппа (“Коммунисти Қӯрғонтеппа”) аз журналистони навовару эҷодкор шинохта шуда буд. Соли 1956, пас аз хатми мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе Толиб Неъматов хабарнигори махсуси рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” дар водии Вахш таъин мегардад.
 
Ӯ дар бораи фаъолияти пахтакорон, идомаи аз худ кардан ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи водӣ, сохтмони шаҳраку деҳоти нав, соҳаҳои илму фарҳанг гузоришҳо омода менамуд. Агар мақолаи “Ташаббускорони мусобиқа”(“Тоҷикистони советӣ”, №203, аз 28-уми августи соли 1957) дар бораи корубори пахтакорон нақл намояд, мақолаи “Муваффақияти бинокорон” (“Тоҷикистони советӣ”, №291, аз 11-уми декабри соли 1957) ба истифодаи механизму таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сохтмону бинокорӣ бахшида шудааст. 
Он солҳо ба ҳукми анъана даромада буд, ки доир ба таҷлили воқеа ва рӯйдодҳои таърихию сиёсӣ воситаҳои ахбори омма шумо¬ра ё саҳифаҳои махсус омода менамуданд. Ба истиқболи 40-солагии Инқилоби Октябр зери сарлавҳаи “Водии зархези Вахш” шумораи мах¬суси “Тоҷикистони советӣ”( № 226, аз 24-уми сентябри соли 1957) нашр шуд, ки онро мухбирони махсуси рӯзнома Ҷунайд Исоев, Шафқат Саи¬дов, Толиб Неъматов ва У.Раҳимқулов омода намуда буданд. 
Пас аз 6 соли кор дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” Толиб Неъма¬тов 11-уми майи соли 1962 муҳаррири рӯзномаи байниноҳиявии “Иф¬тихори Вахш“ (солҳои 1962-1963 рӯзномаи “Вахш” бо ҳамин ном чоп мешуд) таъин мегардад. Аз лаҳзаҳои аввали кор маълум гардид, ки Толиб Неъматов шахси принсипноку сахтгир будааст. Ӯ, ки таҷрибаи калони зиндагӣ ва журналистӣ дошт, камбудию норасоии навиштаҳои хабарнигорони навкорро софдилона, беғаразона ислоҳ менамуд. Насиҳат мекард, маслиҳат медод, муносибаташ софу хоксорона буд, дағалӣ ва айбҷӯйӣ надошт. Масалан, ҳамкорам Сотим Саидмуъминов, муаллифи китобу чандин очеркҳои истеҳсолӣ, лаҳзаҳои аввали ко¬рашро дар рӯзномаи “Вахш” чунин ба хотир овардааст: 
- Шумо маълумоти олӣ доред-а? - ба ман муроҷиат намуд муҳаррир. 
- Бале,муаллим, - фаврӣ ҷавоб додам, бо умеди таърифшунавӣ. 
- Дар мақолаатон навиштаед, ки коргарон айни ҳол ба хомтоккунӣ машғуланд. Хомтокро медонед дар кадом фасл мекунад? Дар фасли баҳор, вақте ки навдаҳои ток баргҳои бисёре мекунад. Он вақт хом¬ток мекунанд, навдаву баргҳои хому беҳосили токро бурида мегиранд. Ҳоло бошад, навдаҳои барзиёдатии токро мебуранд. 
Чунин эроду маслиҳатҳои муҳаррир Толиб Неъматовро ҳар яки мо, журналистони ҷавону камтаҷриба, бисёрҳо шунидаем ва дар фаъоли¬яти минбаъдаи касбии худ истифода бурдаем. Бешубҳа, фаъолияти эҷодиву роҳбарии Толиб Неъматов мактаби таҷриба ва омӯзиш маҳсуб меёфт. Шароити мусоиди кору эҷоди ҷавонони болаёқат фароҳам буд. Кормандони рӯзнома, адибони шинохта Пиримқул Сатторӣ, Зуҳуриддин Суярӣ, Зариф Ибод ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Кормандони ботаҷриба ва шинохтаи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” Турдиалӣ Бойбобоев ва Мирзомаҳмуд Мирбобозода фаъолияти журналистии худро аз рӯзномаи “Вахш” оғоз намудаанд. 
Солҳои роҳбарии Толиб Неъматов рӯзномаи”Вахш” аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуда, борҳо ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ гарди¬дааст. Толиб Неъматов 18-сол муҳаррири рӯзномаи “Вахш”-и ноҳияи Вахш буд ва барои баланд бардоштани нуфузу эътибори рӯзнома саҳми босазо гузошт. 
 
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив