ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

27 август 2024, Сешанбе
29
0
 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи № 9 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт 
27-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва ифтитоҳи расмии Муассиса, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таҳсил дар он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз чор ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ки дар арафаи соли нави хониш кушода шуд, дорои 72 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис бо 500 ҷойи нишаст мебошад. Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннӣ илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ ва дигар донишҳои заруриро мутобиқ ба талаботи замон аз худ кунанд.
Дар маҳаллаи Ховарон, ки навбунёд аст, норасоии муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Фарзандони сокинони ин гӯшаи пойтахт то бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои таҳсил қариб 3 километр роҳро тай мекарданд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои таълимӣ, имкон фароҳам шуд, ки хонандагон дар шароити замонавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманду хештаншинос барои давлату миллат хизмат намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта ба ривоҷу равнақи илму маориф вобастагии зич дорад. Бо назардошти ҳамин, Ҳукумати кишвар тайи солҳои охир барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитро фароҳам меоварад. Ифтитоҳи бинои нави Муассиса фараҳи хонандагонро афзун намудааст ва омӯзгорон иброз доштанд, ки дар посух ба дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба соҳаи маориф аз имконияти замонавии фароҳамшуда барои таълиму тарбияи насли наврас мақсаднок истифода мекунанд.
Ҳамзамон, таълимгоҳ дорои китобхонаи электронӣ бо 50 компютер, китобхона бо 120 ҷойи нишаст, ошхона барои 250 нафар дар як вақт ва толори варзиш мебошад.
Гармии муътадили синфхонаву роҳравҳо аз ҳисоби дегхонаи хоси Муассиса таъмин мешавад. Инчунин, дар мактаб камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд. 
Саҳни бинои Муассиса мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сафолакпӯш, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба истифодаи босамар аз шароити фароҳамшуда, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, талқини сулҳу дӯстӣ ва ба камол расондани кадрҳои лаёқатманд ҳидоят намуданд.
 
 
Бинои нави Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова
27-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025 дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳар ду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
 
Иншоот дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи иншооти ёрирасони Муассисаи давлатии “Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо усули баланди меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардид. 
Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳои кушоду барҳавои дарсӣ, ҳуҷраҳои муҷаҳҳази корӣ, тамрингоҳҳо, маҷлисгоҳ, ошхона бо 56 ҷойи нишаст ва иншооти муосири ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳи бино 126 ҷойи нишаст дошта, барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва консертҳои хурди санҷишӣ мувофиқ аст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз теъдоди умумии ҳуҷраҳои корию синфхонаҳои дарсӣ, ки шумораашон ба 90-то мерасад, 42 синфхона бо 140 ҷойи нишаст ба Коллеҷи ҷумҳриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва 48 синфхона бо 320 ҷойи нишаст ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов рост меояд, ки тибқи стандартҳои замони муосир сохта шудаанд.
Дар баробари ҳуҷраҳои корию синфхонаҳои муосир, Коллеҷ дорои ҳашт толори барҳавои рақс барои жанрҳои гуногун буда, шароити таълим дар муассисаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ аст.  
Лоиҳаи бино, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9-уми декабри соли 2021, аз ҷониби гурӯҳи лоиҳакашии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардида, сохтмонро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсена” ба сомон расонд. Намои берунаи бино ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шабоҳат дошта, бо назардошти иншооти ёрирасон масоҳаташ 3600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандорию ифтихор аз он ва омода сохтани кадрҳои болаёқат дар самти фарҳангу санъат ҳидоят сохтанд. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши  Малика Собирова ва Аҳмад Бобоқуловро дар рушду пешрафти фарҳанги миллати тоҷик бузург хонда, ҳаёт ва фаъолияти ин ду шахсияти барҷастаро барои насли имрӯз намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. 
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова» соли 2003 таъсис ёфта, дар он  мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тайёр мешаванд. Дар Коллеҷ се шуъба: рақси классикӣ, рақси халқӣ ва рақси муосир фаъолият дошта, машғулиятҳоро омӯзгорони соҳибмактаб мегузаронанд. Ҳоло дар Коллеҷ зиёда аз 100 хонандаву донишҷӯ таҳсил менамояд.
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ҷумлаи муассисаҳои фарҳангиест, ки дар тарбия ва омодасозии кадрҳои соҳаи фарҳанг нақши бориз дорад.
Муассиса соли 1945 ҳамчун омӯзишгоҳи мусиқӣ ташкил шуда, баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2014 ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» табдили ном кард.
Дар Коллеҷ ду шакли таҳсил: рӯзона ва ғоибона мавҷуд буда, муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона баъд аз синфи 9 чор сол ва баъди синфи 11 се сол аст. Дар муассиса  шуъбаҳои “Мусиқишиносӣ”, “Фортепиано”, “Дирижёри хори академӣ”, “Созҳои тории оркестрӣ”, “Созҳои нафасӣ ва зарбӣ”, “Созҳои оркестри халқӣ”, “Сурудхонӣ (академӣ)”, “Сурудхонӣ (анъанавӣ)”, “Режиссура (ороиши овоз)”, “Санъати эстрада (мусиқии созӣ)” ва “Санъати эстрада (сурудхонӣ)” вуҷуд доранд. Ҳоло дар Коллеҷ зиёда аз 300 донишҷӯ (рӯзона ва ғоибона) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил менамоянд.
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дорои хобгоҳи замонавӣ буда, барои истиқомати 80 донишҷӯ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Қобили зикри хос аст, ки ҳар ду муассисаи фарҳангӣ, ки нақшашон дар тарбия ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб назаррас аст, то ин дам дар биноҳое фаъолият доштанд, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Дар баробари ин, одитарин тамрини рақс ва ё сохтани як оҳангу суруд барояшон мушкилӣ пеш меовард. Бо фаъол гардидани бинои муҳташами замонавӣ ва ин ҳам дар арафаи истиқбол аз рӯзи дониш, ин мушкилиҳо рафъ гашт. Коллективи бисёрнафараи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ин туҳфаи Роҳбари давлат изҳори миннатдориву сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтару хубтар мекунанд ва дар рушди фарҳангу татбиқи нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати кишвар нақши арзандаи худро мегузоранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҳунару тарбиятгирандагони муассисаҳои мазкур барои дастгирии сиёсати давлат ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дастур доданд, ки минбаъд низ фаъолиятро дар низоми мазкур хуб ба роҳ монда, дар омодасозии наврасону ҷавонони ояндадор барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохтани фарҳанги миллӣ нақши назаррас гузоранд. Зеро фарҳанг ҳастии миллат буда, рушди он аз устувории давлати соҳибихтиёр шаҳодат медиҳад.
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив