ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. МУОВИНИ САРВАЗИР БО РАФТИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ШИНОС ШУД

ҲИСОР. МУОВИНИ САРВАЗИР БО РАФТИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ШИНОС ШУД

27 август 2024, Сешанбе
18
0
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода бо ҷараёни даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки байни довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор идома дорад, шинос шуданд.
 
Дар ҷараёни шиносоӣ муовини Сарвазир бо ҳакамон, иштирокчиёни Озмун ва падару модарон оид ба шаффофият ва риояи адолат дар баҳогузорӣ, инчунин, масъалаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзишу китобхонӣ суҳбат намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф ва мақсади баргузории Озмун, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, баланд бардоштани маънавияти ҷомеа, шинохти асолати миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат мебошад. Бо мусоидати омӯзгорон, падару модарон сол то сол сафи иштирокчиён ва, дар ин радиф, шумораи номинатсияҳо меафзоянд.
Ҳакамон ва падару модарон дар баробари арзи сипос, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати он пешниҳоду дархостҳои хешро манзур намуданд.
 
М. АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
ГУЛИСТОН
Армуғонҳои идона ба Ҷашни 33-солагии Истиқоли давлатӣ
Бо дастовезу армуғонҳо истиқбол гирифтани ҳар иду айём барои мардуми тоҷик мерос аз ниёгон маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам рангу таровати тоза гирифтааст. 
Ин аст, ки дар шаҳри Гулистон 33-солагии Истиқлоли давлатиро бо истифода додани чанд иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ истиқбол мегиранд. Дар минтақаи саноатии шаҳр бо хатти технологии   муосири чинӣ корхонаи азими истеҳсолии ҶДММ “Махмуд и К” мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ки  симоҳан (арматура) истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии моҳонаи он 600 тоннаро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур наздик ба 100 ҷавони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд. Дар ҳамин ҷо бо сармояи  2 миллиону 20 ҳазор сомонӣ корхонаи ҶДММ “Абдуллоев Саидбой” барои тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда – лӯлаҳои обгузар, ноқили барқӣ ба истифода дода мешавад.  Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи мазкур  зиёда аз 30 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад. Инчунин, бо талоши соҳибкорон корхонаи  ҶДММ “Доруи Суғд” барои истеҳсоли 20 номгӯйи доруворӣ дар шакли ҳаб, малҳамҳо, суспензияҳои антибиотикӣ, бастаҳои ҳабҳо ва капсулаҳои 10-донагӣ, маҳлулҳо бо такя ба хатҳои технологияҳои муосири Чину Ҳиндустон бо таъсиси наздик 20 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз мебахшад.
Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон, дар суҳбат иброз дошт, ки Ҷашни навбатии Истиқлоли давлатӣ барои бошандагони шаҳраки Сирдарё – шаҳраки геологҳо хотирмон хоҳад шуд, зеро дар ин ҷо бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр маркази саломатӣ иборат аз ду ошёна, 12 дафтари корӣ ва маҷлисгоҳ бо тамоми шароитҳои талаботи рӯз дарҳои худро ба шаҳрвандон боз хоҳад кард. 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият  
 
 
 
ТАНТАНАИ ФАРҲАНГИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР
Чорабинии фарҳангии ҳайати меҳмонони Қазоқистон дар толори кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони маҳаллӣ баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ ҳайати меҳмонон барномаи мусиқӣ ва дигар фаъолиятҳои ҳунариро, ки анъанаҳои миллии қазоқиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузоштанд. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳунар, инчунин, таҳкими робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Чорабинӣ бо суханрониҳои муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода  оғоз ёфт. Мавсуф таъкид намуд, ки чунин ташаббусҳо барои рушди муносиботи фарҳангӣ ва дипломатӣ миёни кишварҳо нақши муҳим доранд. 
Барномаҳои мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии қазоқӣ, ки дар ин чорабинӣ пешкаш шуданд, ба тамошобинон фароғат ва шодмонии зиёд бахшиданд. Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.  
М. ШАРИФЗОДА,  З. ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН АНҶОМ ЁФТ
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, ки 22-юми август оғоз гардида буданд, шоми 24-уми август бо пешниҳоди барномаи консертӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ анҷом ёфт. 
Дар барномаи консертӣ ҳайати ҳунарии Муассисаи давлатии академии консертии "Қазоқконсерт" ба номи Роза Багланова, Ансамбли давлатии фолклории «Остона сази» ва гурӯҳи «Saz & Soul»-и Қазоқистон сурудҳои халқии қазоқӣ, навозиши асбобҳо ва композитсияҳои асбобию хореографиро пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, ба ифтихори 95-солагии композитори барҷастаи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, ки ба ҳамон рӯз рост омад, асари ӯ «Давлати ман – Тоҷикистон», ки соли 2004 эҷод шудааст, садо дод. Онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва ҳунарманди шинохтаи қазоқ Темур Умаров иҷро намуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби ҳунарманди қазоқ Султон Аҳмад суруди маъруфи “Муҳаббат”, аз эҷодиёти композитор Зиёдулло Шаҳидӣ, пешкаш гардид.
Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишварҳо ин сеюмин маротиба аст, ки рӯзҳои фарҳанги кишвари дӯсти Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ин навбат чорабинӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанду Бохтарро низ фаро гирифт. Ҳамчунин, дар пойтахт Рӯзҳои кинои Қазоқистон доир гаштанд.
 
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 
 
ӮЗБЕКИСТОН.  ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ АҲЛИ ҲУНАРРО ҚАДР КАРД
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимони соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, адабиёт, фарҳанг, санъат ва воситаҳои ахбори оммаро бо унвон ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуд. Тибқи ин фармон, солисткаи ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Нигина Амонқулова бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон қадр шуд.
Дар арафаи ду иди бошукӯҳ – Истиқлоли давлатии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин овозхони тоҷикро барои хидмати шоистааш дар ҷодаи санъат, ки ба нафъи мардумони ду кишвар мебошад ва дар таҳкими дӯстии халқҳои ҳар ду мамлакат нақши муҳим мегузорад,  ба унвони Ҳунарпешаи халқии  Ӯзбекистон сазовор донист. 
Бояд ёдовар шуд, ки аз соли 2018 ба ин сӯ ба унвонҳои баланди фахрӣ сазовор гардидани ходимони санъати ду кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, дотсенти Консерваторияи мазкур Исмоил Назриев, роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов Фурқат Саидзода, роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Тулқин Тоҷибоев, роҳбари бадеии ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Раҳматулло Ҳошимов ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон сазовор гардидаанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив