БОКС

27 август 2024, Сешанбе
8
0
Варзишгарони наврас дар Чемпионати Осиё ширкат меварзанд
Аз 27-уми август то 10-уми сентябр дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва мактаббачагон баргузор мегардад. 
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро миёни мактаббачагон 14 нафар: Анушервон Сиддиқов (33 кг), Дилшод Саиджаев (35 кг), Фирӯзҷон Бойматов (37 кг), Беҳрӯз Умаров (40 кг), Дамир Назаров (43 кг), Муҳаммадшафеъ Қаландаров (46 кг), Усмонҷон Боронов (49 кг), Алӣ Назаров (52 кг), Билол Давлатов (55 кг), Акбарҷон Абдуллоев (58 кг), Рустам Саидов (61 кг), Аскарҷон Мавлонов (70 кг), Фариноз Абдуллоева (54 кг), Майрамбӣ Исматова (80 кг) ва миёни наврасон 13 нафар: Азизҷон Маматқулов (46 кг), Шарифхон Нуралиев (48 кг), Мансурхуҷа Муминов (50 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Билолҷон Иксанов (54 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Аҳмадшоҳ Ҳошимов (60 кг), Умарҷон Асроров (63 кг), Сорбон Нурализода (66 кг), Исфандиёр Ҳошимов (70 кг), Шоҳрух Шокиров (75 кг), Алишер Дадабоев (+80 кг), Мино Азамзода (60 кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар сафар мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Тоирҷон Аглухов, Эмомалӣ Малаев, Рустам Музаффаров, Улфатшоҳ Ҳошимов, Ҳасан Мӯсоев ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ менамоянд. Акмалҷон Абдуллоев ҳамчун довар ба ин чорабинӣ даъват шудааст.
Ҳамзамон, Конфедератсияи бокси Осиё дар доираи Чемпионат Конгресси ғайринавбатӣ даъват кардааст, ки дар он масъалаи шомил шудан ба ташкилоти нави бокси ҷаҳонӣ баррасӣ мегардад. Ёдрас мешавем, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокс ҳамчун ниҳоди роҳбарикунандаи бокси олимпӣ даст кашид. Созмони нави бокси ҷаҳонӣ барои нигоҳ доштани варзиши бокс дар барномаи Бозиҳои олимпӣ талош дорад ва барои ин бояд наздики 100 федератсияи миллиро аз ҳар панҷ қораи ҷаҳон ба узвият қабул кунад. Феълан, 41 федератсияи миллӣ узви ташкилоти нав шудааст. 
 
 
 
ФУТЗАЛ
Мавсими нав моҳи октябр оғоз мегардад
Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Суперлигаи футзали кишвар баргузор гардид, ки дар он вазъи имрӯза ва нақшаҳои оянда баррасӣ гаштанд.
Суперлигаи футзал ба далели ширкати тими миллӣ дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, моҳи октябр оғоз мегардад. Ин ба бозигарон имкон медиҳад, ки ба Чемпионати ҷаҳон ҳамаҷониба омода шаванд ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд.
Иштирокчиён формати мавсими навро тасдиқ карданд, ки он масъалаҳои шумораи дастаҳо, системаи бозӣ, қоидаҳои нав ва дигар ҷиҳатҳои ташкилиро дар бар мегирад. 
Тағйиру иловаҳое, ки ба нақша гирифта шудаанд, рӯзҳои наздик аз ҷониби кумитаи тадорукот тасдиқ мегарданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив