КОНФРОНСИ СММ ОИД БА ШАРҲИ ФАРОГИРИ МИЁНАМУҲЛАТИ ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс, Подшоҳи Нидерланд, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ботсвана, Боливия, Ироқ, Словения, Либерия, раисони Шурои Босния ва Ҳерсеговина, Тувалу, Намибия, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, аз ҷумла 110 ҳайат бо роҳбарии вазирон, инчунин, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ бо шумули президенти Бонки ҷаҳонӣ, иштирок карданд.
Мавриди зикр аст, ки Конфронси мазкур ҳамоиши таърихӣ ба шумор меравад, чунки он баъд аз Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дувум доир мегардад.
Шоистаи тазаккур ва боиси ифтихор аст, ки Конфронси таърихиро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд омода карда, онро мизбонӣ менамоянд.
Қабл аз оғози кори Конфронси оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар иҷрои мутрибони Тоҷикистону Нидерланд таҳти унвони “Об” мусиқии зинда садо дод.
Навори видеоӣ аз якчанд минтақаи дунё оид ба мушкилӣ ва имкониятҳои марбут ба об ва захираҳои об манзури иштирокчиёни Конфронс шуд.
10 рамзи марбут ба масъалаҳои об аз ҷониби 10 нафар намояндаи минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ба СММ тақдим ва рӯйи саҳна болои сутунҳои бо ҳам тавассути камарбандҳо пайваст, гузошта шуд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем – Александр ба саҳна даъват шуданд ва онҳо сутунҳои 5 ва 6-ро ба ҳам пайваст намуданд. Дар болои камарбанд матни кӯтоҳ оид ба аҳамияти об дарҷ гардидааст.
Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Нидерланд ҷойҳои худро дар толор ишғол намуда, Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ифтитоҳ кард.
Дабири кулли СММ ба ҳайси раиси муваққатии Конфронси оби СММ роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Нидерландро ба ҳайси раисони Конфронс таъин карда, онҳоро барои ишғоли макони худ ба минбари асосии Маҷмаи умумии СММ даъват намуд.
Ҳамраисони Конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Нидерланд Виллем – Александр ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ташрифотӣ дар минбари асосии Маҷмаи умумии СММ ҷойҳои худро гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Конфронсро расман кушода эълон намуда, дар назди ҳозирон сухан ронданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабинии сатҳи баландро бо Рӯзи ҷаҳонии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои дастҷамъона ва уҳдадориву амалҳои нави кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи натиҷаҳои он самараи дилхоҳ хоҳанд дод.
Баъди суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Нидерланд Виллем – Александр, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи умумии СММ Чаба Корошӣ ва Раиси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ Лучезара Стоеваро барои суханронӣ ба минбар даъват намуданд.
Ҷаласаи пленарии Конфронси об таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, дар кори он як қатор роҳбарони олимақоми кишварҳои аъзои СММ баромад намуданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Конфронси оби СММ ба Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид, Раиси Шурои Босния ва Ҳерсеговина Зелика Свянович, Президенти Ботсвана Масиси Мокгвейтсӣ ва Президенти Словения Наташа Пирс-Мусар сухан доданд.
Ҳамаи баромадкунандагон ба натиҷаи раисии Тоҷикистону Нидерланд дар Конфронси оби СММ – 2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” сатҳи баланди тадорукотии чорабинии таърихии оби СММ, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва ба пешсафии Тоҷикистон дар раванди оби СММ баҳои баланд доданд.