ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

29 август 2024, Панҷшанбе
2
0
ҶУДО
Беҳбудӣ – мавзуи Рӯзи ҷаҳонии ҷудо-2024
Ҳар сол 28-уми октябр Федератсияи байналмилалии ҷудо ва ҷомеаи ҷудо Рӯзи ҷаҳонии ҷудоро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз бунёдгузори варзиши ҷудо Ҷигоро Кано Шиҳан таваллуд шудааст. 
“Ҳар сол як мавзуъ барои нишон додани арзишҳои ҷудо интихоб карда мешавад, ки ҳамчун воситаи қавӣ барои рушди варзиш дар дохили ҷомеаи ҷудо ва берун аз он истифода шавад. Соли 2024 мавзуъ “Беҳбудӣ” аст. Беҳбудӣ танҳо орӣ аз беморӣ будан нест. Маҷмуи мураккаби омилҳои солимии ҷисмонӣ, равонӣ, эҳсосотӣ ва иҷтимоии шахс мебошад. Беҳбудӣ бо хушбахтӣ ва қаноатмандии зиндагӣ сахт алоқаманд аст”, - омадааст дар сомонаи Федератсияи байналмилалӣ. 
Мавзуи Рӯзи ҷаҳонии ҷудо соли гузашта “Дӯстатро ба тамрин даъват бикун”, соли 2021 “Ҳамбастагӣ”, соли 2020 “Бо ҳам қавитар” буд.
Дар Тоҷикистон варзиши ҷудо, ки ба гӯштии миллии тоҷикӣ шабоҳат дорад, маъруф аст. Мусобиқаҳои ҷудо бо иштироки мухлисони сершумор мегузаранд. Аз ҷумла, ду соли охир, ки Душанбе мизбони Гран-при ва Гранд-слами ҷудо буд, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Соли равон дар Гранд-слам мухлисон дар дохили толор ҷой нагирифтанд ва барои онҳо дар саҳни маҷмааи варзишӣ “фан-зона” ташкил карданд.
Дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 бошад, тими ҷудои кишвар дар ҳайати 6 нафар ширкат карда, ба гирифтани ду медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум даст ёфт.
Моҳҳои сентябр ва октябр Душанбе мизбони ду чорабинии муҳими ҷудо хоҳад буд, ки бори аввал дар Тоҷикистон доир мегарданд. 12-15-уми сентябр дар пойтахти кишвар Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон ва 2-6-уми октябр Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон сурат мегиранд. 
 
 
 
БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ
Дар Париж зӯрозмоиҳо оғоз ёфтанд
28-уми август Президенти Фаронса Эммануэл Макрон Бозиҳои тобистонаи паралимпиро дар Париж кушода эълон кард. Бозиҳо 17 рӯз пас аз анҷоми Бозиҳои олимпӣ оғоз ёфта, то 8-уми сентябр идома меёбанд. Дар маросим раиси Кумитаи байналмилалии паралимпӣ Эндрю Парсонс низ ширкат дошт.
Ин навбат 4400 варзишгари имконияташ маҳдуд аз 185 давлат ҷамъ омад, ки шумораи рекордӣ мебошад. Онҳо аз рӯйи 22 намуди варзиш барои 549 маҷмуи медалҳо зӯр меозмоянд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив