ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

30 август 2024, Ҷумъа
8
0
 
29-уми август таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
 
Дар маҷлис, нахуст, дар бораи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Стратегия ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои ошкорсозии бармаҳали бемориҳо, паст кардани сатҳи беморшавӣ, коҳиш додани фавти бармаҳал ва маъюбият аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаётро муайян менамояд.
Самтҳои асосии татбиқи Стратегия амалисозии чорабиниҳо, аз қабили тарғиби принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ, мебошад.
Баъди баррасии масъалаи мазкур, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Стратегия, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва пешниҳоди ҳисобот аз рафти иҷрои корҳо дастуру супоришҳо доданд. Сипас, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2025-2030 қабул шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи Барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйзаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар кишвар мебошад.
Дар идомаи маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” муҳокима шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол шуд.
Доир ба таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба амалинамоии Созишномаи Париж” ва дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандони камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардид. 
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи саривақтии стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳо ба масъулон супоришҳо доданд.
Дастуру ҳидоятҳо ба вазорату идораҳо ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба оғози соли нави хониш ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон дода шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зоҳир гашт.
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив