ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 19 

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 19 

02 сентябр 2024, Душанбе
33
0
 
1-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.
 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти зебои замонавиро ифтитоҳ намуда, онро дар рӯзи оғози соли нави хониш туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф ва насли хуштолеи кишвар номиданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таҳсил дар ин Муассиса зикр гардид, ки мактаб аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаби нав аз 75 синфхона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Иншоот бо дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил”, соҳибкори ватандӯст Маҳмуд Муродов дар зарфи як сол сохта шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ва шаҳри Душанбе муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд. 
Масоҳати қитъаи замини МТМУ №19 беш аз 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он, ғайр аз  бинои асосӣ ва иншооти ёрирасон, майдончаи футболи хурд бунёд гардидааст ва минбаъд омӯзгорону хонандагон аз чунин шароити мусоид метавонанд, самаранок истифода баранд.
Ба хотири мутобиқ сохтани Муассиса ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар он толори маҷлис бо 380 ҷойи нишаст, китобхона, толори барҳавои варзиш ва ошхона бо 348 курсӣ сохта шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат бо раванди фаъолияти барномаи электронии “eDonish”, ки тули панҷ сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад, шинос шуданд.
Барномаи “eDonish” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2020 тарҳрезӣ ва мавриди татбиқ қарор дошта, имрӯз 150 муассисаи таълимии ҳудуди пойтахт аз ин таҷрибаи пешқадам истифода мебарад.    
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар Муассисаи тозабунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои чунин иқдоми шоиста ва туҳфаи арзанда барои хонандагони пойтахт изҳори сипос намуданд.
Муассиса бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъмориву сохтмонӣ бо сифати баланд сохта шуда, ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва аёниятҳои хониш таъминанд.
Роҳбари давлат, зимни шиносоӣ аз раванди таҳсил ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти босуръати илму технология насли хушбахти даврони истиқлол бояд донишманду босавод бошад ва барои рушди Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад. 
Барои фаро гирифтани хонандагон бо омӯзиши касбҳои гуногун дар таҳхонаи бино синфхонаҳои касбомӯзӣ амал менамоянд, ки бо тамоми шароит таъмин гардидаанд. Ин тадбир  ба хонандагон имкон медиҳад, ки, дар баробари омӯзиши илм, касбҳои гуногунро аз худ намоянд.
Толори хониш дорои шароити мусоиди китобхонӣ буда, дар ин ҷо дар як вақт 100 нафар метавонад, асарҳои адибони муосиру классикӣ ва китобҳои тозанашрро мутолаа намояд.
Дар доираи корҳои ободонӣ, бино пурра бо системаи гармидиҳӣ пайваст гардида, дар ҳамаи толорҳои хониш ва синфхонаҳо камераҳои назоратӣ насб гардида, тавассути онҳо раванди таълим пайваста назорат бурда мешавад.     
Атрофи мактаб, ки 5 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад, мумпӯш ва сангфарш гардида, 200 бех ниҳоли дарахти ороишию сояафкан, чароғонкунӣ ва сабзгардонӣ саҳни биноро ба макони зебою назаррабо табдил додааст.
Мавриди зикри хос аст, ки бо дастгирии Сарвари давлат, ҷонибдории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамдилии соҳибкорони ватанӣ бо сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи дониш танҳо дар пойтахти кишвар 6 иншооти муосири соҳаи маориф бо беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд.
 
Санаи нашр: 02.09.2024 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив