САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки дарозии он 14,5 километрро дар бар гирифта, деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигулҳо, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадои деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Боғи деҳоти Қаҳрамон ва шаҳраки ноҳияро бо ҳам мепайвандад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин масир аз аввалҳои моҳи майи соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо харҷи 27,5 миллион сомонӣ анҷом дода шуд.
Паҳноии роҳ, ки ба категорияи 5-уми роҳдорӣ шомил мебошад, 6 метрро ташкил дода, бо ғафсии 8 см мумфарш гаштааст. Ин роҳ асосан солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфта, солҳои охир таъмирталаб буд. Вазъи нохуби роҳ ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбарро мушкил мегардонд.
Акнун дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мазкур дар муддати кӯтоҳ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шуд ва боиси хушҳолии сокинон гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд.
Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон боис гардида, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.
Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо усули муосири меъмории ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стоматологӣ бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта шудааст. Зимни шиносоӣ иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёд аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, ташхисгоҳ, дорухона, электрокардиограмма (ЭКГ), ташхиси ултрасадо, ҷарроҳии ҷоғи рӯй, духтурони дандон, имплантолог, ортодонт ва озмоишгоҳ барои тайёр кардани дандон ва безарар гардондани асбобҳои дандондармонӣ мебошад.
Масоҳати иншоот 500 метри мураббаъ буда, дар як мавзеи бекорхобида бунёд гардидааст ва дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар мутахассис ба кор ҷалб гардид. Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологии деҳаи Файзобод дар масофаи 14 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир буда, дар он 30 нафар мутахассис, аз ҷумла 10 табиби маълумоти олидор ва 12 корманди миёнаи тиб соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобати дандон муҷаҳҳаз асту барои сокинони 12 деҳаи атроф, ки беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил менамоянд, хизмат мерасонад ва бо назардошти фароҳам будани шароиту иқтидори васеи кадрӣ ва техникӣ имкон дорад ба сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам хизмати тиббӣ расонад. То ин муддат сокинон маҷбур буданд барои якчанд номгӯйи хизматрасониҳои тиббӣ дар самти дандондармонӣ ба дигар ҷойҳо раванд, зеро чунин дастгоҳу таҷҳизот ва озмоишгоҳҳои муосир шуруъ аз ташхис, табобат, андозагириву қолабрезии дандон ва дигар нозукиҳои кори соҳа дар ин минтақа мавҷуд набуд.
Иттилоъ доданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагуна хизматрасонӣ дар ин ҷо ба ятимон, шахсони яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба таври ройгон пешбинӣ шудааст.
Бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ бо тарҳи зебо ва хоси соҳаи тандурустӣ қомат афрохта, роҳи мошингарди атрофи он мумфарш, роҳравҳо сафолакпӯш ва бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтаанд.
Бино ва кӯчаҳои атрофи он чароғон буда, шабонгаҳ намои зебо дорад.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)