ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Ҳавзи обполо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти ҳавзи обполо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшиданд.
Иттилоъ доданд, ки ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.
Аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар минтақаи пасттар аз сатҳи маҷрои дарёи Панҷ ҷойгир аст ва, аз ин сабаб, мавзеи мазкур қаблан борҳо аз боришоту обхезӣ хисорот дидааст. Бояд гуфт, ки дарёи Панҷ яке аз дарёҳои серлой ба ҳисоб меравад ва он сарчашмаи обгирии сарҷӯйи Чубек мебошад. Ҳамасола аз дарёи Панҷ ба сарҷӯйи Чубек ба миқдори 700 ҳазор метри мукааб ҷинсҳои омехтаи обовард ворид гашта, ҷӯйҳои обёрикунандаро пур мекунанд. Ҳамасола мардум бо заҳмат ва харҷи зиёд ҷӯю ҷӯйчаҳоро аз ҷинсҳои обовард тоза месозанд. Аз ин рӯ, моҳи июли соли 2020 дар доираи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» масъалаи рафъи таъсири хатарҳои эҳтимолии табиат ба аҳолӣ ба миён гузошта шуд.
Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки осиёии рушд татбиқ гардид. Паймонкори лоиҳа ҶСК «ТГЭМ» буда, бо ҷалби беш аз 400 нафар муҳандису мутахассисони маҳаллӣ сохтмони обанбори обсофкунии навъи кӯлро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамдонӣ бо сифати баланд ба иҷро расонд. Дар доираи амалишавии лоиҳа сохтмони обанбор, мустаҳкамнамоии соҳили минтақа ва инчунин, навсозии пойгоҳи обкашӣ анҷом дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз 1-уми октябри соли 2020 оғоз гардида, 30-юми марти соли 2023 ба анҷом расонда шуданд.
Иттилоъ доданд, ки Чубек дар байни шабакаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Панҷ калонтарин буда, масоҳаташ 50 ҳазору 160 гектарро ташкил медиҳад. Азбаски дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ асоси тараққиёти иқтисодӣ мебошад, бунёди иншооти мазкур на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро он бештар аз 60 дарсади аҳолиро бо кор таъмин мекунад. Дар сохтмони иншоот беш аз 80 техникаву механизми гуногун истифода шудааст. Муҳандисону бинокорон барои солиёни дароз хизмат намудани иншооти обтаъминкунӣ корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом доданд. Дар доираи лоиҳа, ҳамчунин, 2 пули мошингузар сохта шуда, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани иншоот ба масофаи зиёда аз 12 километр хатти интиқоли барқ кашида, 2 трансформатори 100-киловолта насб карданд.
Зимни суҳбат бо масъулон, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки масъалаи то ба шаҳри Кӯлоб расондани оби тоза мавриди омӯзиш қарор дода шавад, зеро аҳолии шаҳр ва атрофи он, ки шумораашон ба зиёда аз 300 ҳазор нафар мерасад, аз оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ танқисӣ мекашанд.
Боздид аз ҶДММ “ТОҶ-АГРО”
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муаррифӣ шуданд. Бо бунёди 2 ҳавзи нави обполӣ ва насби 3 пойгоҳи обкашию технологияи обполо имкон фароҳам шудааст, ки 50 гектар замин бо усули қатрагӣ обёрӣ шавад. Пешгирӣ аз сахтшавии қабати замин, дастрасии беҳтари рустанӣ ба ғизо ва дигар омилҳо аз афзалияти асосии обёрии қатрагӣ ба ҳисоб мераванд.
Имсол кишоварзони ҶДММ “ТОҶ-АГРО” ба таври таҷрибавӣ дар майдони 1,5 гектар боғи интенсивӣ-таҷрибавии себ бунёд намудаанд, ки айни замон дар ҳолати хуби нашъунамо мебошад. Бо мукаммалшавии таҷриба оянда майдони боғҳои бо технологияи нав обёришаванда васеъ карда мешавад.
Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва дучандшавии талаботи аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ беҳсозии имкониятҳоро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати расидан ба яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Солҳои 2023-2024 бо назардошти талаботи бозори истеъмолӣ дар майдони 17 гектар навъҳои бедонаки ангур дар асоси таҷрибаи муосир шинонда шудаанд. Агар бо усули анъанавӣ дар майдони 1 гектар то 330 буттаи ток ҷойгир карда мешуд, бо усули нав дар майдони 1 гектар зиёда аз 1300 бутта шинонда мешавад, ки аз чанд ҷиҳат афзалият дорад. 15 навъи ангури бедонаки хушсифати бозоргири ҷаҳонӣ аз хориҷ ворид гардид ва баъди мутобиқгардонӣ ба иқлими Тоҷикистон дар ин ҷо шинонда шудааст. Ҳоло меҳнаткашони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” дар парвариши навъҳои ангури бедонаки дар асоси технологияи муосир парваришёбанда таҷриба андӯхтаанд ва оянда нақша доранд, ки дар васеъ намудани майдони чунин навъҳои токзор дар кишвар саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ҷалб намуданд. Дар ҶДММ “ТОҶ-АГРО” 150 нафар вобаста ба талабот ба корҳои мавсимию доимӣ ҷалб мешавад ва онҳо талош доранд ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир самаранокии заминро баланд бардоранд.
Ҷамъияти мазкур дар масоҳати 3 гектар барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусию тропикӣ 2 гармхонаи доимоамалкунанда бунёд намудааст. Ҳоло парвариши ниҳолҳои дарахтони тропикӣ ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст. Боғдорон нақша доранд, ки тавассути мутобиқгардонӣ ба шароити иқлими Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли меваҳои тропикӣ, аз ҷумла манго, банан ва авакадоро таъмин намоянд.
Хоҷагӣ, дар маҷмуъ, дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 22 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 50 гектари онро токзор ташкил медиҳанд. Барои нигоҳдории ҳосили боғу токзор сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот бунёд гардидааст. Инчунин, дар ҳудуди ҷамъият коргоҳи коркарди асал фаъол аст. Намунаи маҳсулоти хоҷагӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуд.
Сарвари давлат хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, вобаста ба шароити дигаргуншавии иқлим ба роҳ мондани парвариши рустаниҳо, ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
Ба истифода додани бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бунёди бинои нави беморхона дар доираи татбиқи “Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” бо маблағи 3 миллиону 410 ҳазор доллари ИМА амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии ин муассисаи тиббӣ моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2024 ба итмом расиданд. Дар рафти сохтмон муҳандисону сохтмончиёни ширкати “Строй Сентр” масолеҳи хушсифати сохтмонии ватаниро истифода карда, талабот ва меъёрҳои стандартиро риоя намудаанд.
Муассисаи нави тандурустӣ аз 3 бино – бинои асосии сеошёна, таҳхона, ду бинои дуошёна, дегхона, анбор барои захираи маводи сӯхт, манораи обфишор, трансформатори барқӣ бо иқтидори 250 кВт/соат, генератори дизелӣ бо иқтидори 200 кВт/соат ва иншооти ёрирасон иборат аст. Дар беморхонаи марказӣ фаъолияти шуъбаи қабули калонсолон ва шуъбаи қабули хурдсолон бо фарогирии 80 кат роҳандозӣ гардида, дар ин замина шуъбаҳои амрози дохила, ҷарроҳӣ, ёрии таъҷилӣ, таваллуд, ёрирасон ва маъмурият барои хизматрасонӣ омода шудаанд.
Дар муассисаи мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, ба монанди рентгени рақамӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда, биоанализатор, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, автоклав ва таҷҳизоти беҳдоштӣ, насб карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кормандони беморхона ҷиҳати бештар такмил додани сатҳи тахассуси онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу масъулияти баланд доштан дар кор тавсияҳои судманд доданд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи марказии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беҳтарсозии инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустии ноҳия мусоидат намуда, барои сари вақт ошкор, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун ба беморон хизмат мерасонад.
Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва сари вақту босифат расондани ёрии тиббӣ ба кормандони муассиса ду мошини ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд. Саҳни ҳавлии беморхона сабзкорӣ гардида, дар он зиёда аз 105 бех дарахти ороишӣ, сояафкан ва гулу буттаҳо шинонда шудаанд. Баробари ба фаъолият оғоз намудани бинои нави беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Ховалинг 125 корманди соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардид.
Мутахассисону кормандони муассисаи тандурустӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасонии тиббӣ барои ташхис ва табобат метавонанд устуворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба муолиҷаро таъмин намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг 48 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар онҳо 374 табиб ва ҳамшираи шафқат ба 62 ҳазору 295 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Хотиррасон бояд кард, ки рушди соҳаи тандурустӣ, ташаккули инфрасохтори соҳа ва бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ бунёди муассисаҳои тиббии муосир дар баробари дигар ҳадафҳои муайянгардидаи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардонда мешавад. Ин аст, ки танҳо дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, 110 муассисаи соҳа таъмиру таҷдид гардидааст.
Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Ховалинг соҳиби бинои нав шуданд
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул"-ро, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав дар маҳаллаи Бобо-Юнуси Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бунёд шуда, аз ду ошёна бо таҳхона, 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз шудааст ва дар он барои кормандон шароити хуби корӣ муҳайё мебошад. Дар ошёнаи якум шуъбаи бақайдгирӣ ва хизматрасонӣ, шуъбаи заминсозӣ ва ҳуҷраи кории кормандон ҷойгир шудаанд. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, ҷевон барои ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳо ва компютерҳо, таъмин мебошанд. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва кормандони соҳа ҷой гирифтаанд. Корҳои ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардондани атрофи бино дар сатҳи баланд ба анҷом расида, роҳи даромадгоҳи муассиса мумфарш ва бо тахтасангҳо, Парчами давлатӣ, сутунпояҳои равшанидиҳӣ, гулу буттаҳои мавсимию ҳамешасабз оро ёфтааст. Дар таҳхонаи бинои маъмурӣ бойгонии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ҷой дошта, он бо бойгонии электронии марказӣ пайваст мебошад. Дар бино китобхона, мизу курсиҳои ба шароити замон мутобиқ, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир карда шудаанд.
Корҳои сохтмонии бинои нави маъмурӣ моҳи ноябри соли 2023 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 анҷом ёфтаанд. Сохтмони бино аз ҷониби ширкати ватании “Тахт-иншоот” бо истифодаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, мутобиқи талаботи стандартҳои давлатӣ, ба анҷом расидааст. Дар раванди корҳои сохтмонӣ 16 нафар ба кор ҷалб шуда, лоиҳа дар муҳлати муқарраргардида бо сарфи беш аз 3,2 млн сомонӣ амалӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёшуда баҳои баланд доданд. Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Ховалинг муҳити кории кормандони соҳаро ба замони муосир мутобиқ гардонда, сатҳу сифати хизматрасониро ҷиҳати анҷом додани корҳои заминсозӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, таҳияи лоиҳаҳои иншооти сохташаванда, парвандаҳои заминсозӣ, тайёр намудани шиносномаи техникии манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам беҳтар кардааст.
Зимни суҳбат бо кормандони соҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба такмили таҷрибаи мутахассисон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба муштариён, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, истифодаи васеи воситаҳои муосири техникӣ, барномаҳои электронӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намудани корҳо тавсияҳои судманд доданд. Бояд гуфт, ки имрӯз дар пешбурди корҳо системаи худкори бақайдгирӣ фаъол мебошад, ки ин дар шаффофияти корбарӣ заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Айни ҳол дар бойгонии Корхонаи давлатии фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Ховалинг беш аз 7 ҳазор парванда маҳфуз аст. Ҳамаи он ба бойгонии электронӣ ворид карда шуда, ба махзани ягонаи марказӣ пайваст мебошад. Бо электронӣ гардидани бойгонӣ муроҷиаткунандагон имкон доранд, ки ҳуҷҷатҳои зарурии худро сари вақт дар муҳлатҳои кӯтоҳ дастрас намоянд.
Ифтитоҳи “Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон”
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои “Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис бо 50 ҷой, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва 30 компютер иборат аст.
Ҳуҷраҳо ва биноҳои ёрирасони иншоот бо таҷҳизот ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз мебошанд. Бинои меҳмонхона дорои системаи гармидиҳии алоҳида аст. Бинои “Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва Исмоил Садиров бо сифати баланд бунёд гардидааст. Масоҳати замини меҳмонхона 10 000 метри мураббаъро ташкил дода, ба макони хуби истироҳату фароғати ҷавонони болаёқат табдил ёфтааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 бинокор аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин буд.
Зимни шиносоӣ бо бинои “Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда барои ҷавонону наврасони лаёқатманд баҳои баланд доданд. Дар истироҳатгоҳ хонандагони болаёқат имкон доранд, ки дар баробари истироҳату фароғат ба машғулиятҳои гуногун бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба машғул шаванд.
Дар майдони васеи назди иншоот панҷ фаввора ва ду суҳбаткада бунёд гардида, ҳавлӣ бо роҳравҳои замонавӣ ва муҳити сабзу хуррам оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар атрофи бино зиёда аз 120 ниҳоли дарахти ҳамешасабзи ороишӣ шинонда шудааст. Рӯ ба рӯи бино нуқтаи фароғат барои 40 нафар бунёд гардидааст.
Ҳангоми суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро ба истифодаи самараноки иншоот ва ҷалби ҷавонону наврасони лаёқатманди кишвар ва дастгирию ҳавасмангардонии онҳо ҳидоят намуданд. Насби чароғҳои замонавии равшанидиҳандаи иншооти мазкур дар шабонгаҳ симои бинои навро куллан тағйир дода, ин ҷоро зебою назаррабо менамояд. “Меҳмонхона-истироҳатгоҳи лаёқатмандон”, ки барои ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, туҳфаи арзанда барои насли ояндасози миллат номида шуд. Дар толори истироҳатгоҳи лаёқатмандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ наврасону ҷавонони лаёқатманди кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи маркази муосири фароғатиро боз як ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ояндасози диёр арзёбӣ намуданд. Президенти мамлакат вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, дастгирии ин бахш, беҳтарсозии сифати таълиму тарбия, дастрасии хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва таъмини ташаккули ҷаҳонбинии онҳо андешаронӣ карданд. Дар вохӯрӣ наврасону ҷавонон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо, таъмини шароити беҳтарини илмомӯзӣ ва ғамхории падарона изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар фароварди мулоқот ба 50 нафар ҷавони хуштолеъ туҳфаҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг соҳиби бинои нав шуд
5-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои маъмурии шуъбаи Агентӣ аз ду ошёна, 15 ҳуҷраи корӣ, китобхона, нуқтаи равзанаи ягона ва ҳуҷраҳои санитарии дихилию берунӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонда шуда, дар он барои кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё гардидааст. Равзанаи ягона барои қабули шаҳрвандон, китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ бо насби таҷҳизоти муосир дар ошёнаи якум ҷойгир шудаанд. Роҳи мошингард аз шоҳроҳи асосӣ то бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба дарозии 104 метр мумфарш гардидааст. Дохили бино бо насби овезаҳои муқаддасоти миллӣ ва дигар навиштаҷоти соҳавӣ ва атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ зебу зинат дода шудаанд.
Корҳои сохтмонии бинои нави шуъбаи Агентии мазкур моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 ба итмом расидааст. Дар сохтмони иншоот масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода шуда, талаботи меъёрҳои стандартӣ, тибқи лоиҳаи муқарраргардида риоя шудааст.
Ҳангоми шиносоӣ бо бинои нави маъмурӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд. Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастрасӣ пайдо кардани кормандони соҳа ба лавозимоти зарурӣ сатҳи хизматрасониро дигар намуда, дар пешбурди таъиноти нафақаи суғуртаи иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Аснои шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони соҳаро ба масъулияти баланд дар иҷрои кору хизматрасонӣ, садоқати меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини шаффофияти корбарӣ, такмили маҳорати касбӣ ва ба муносибату муоширати хуби корӣ бо мардум ҳидоят намуданд.
Боздид аз боғҳои интенсивии ҶДММ “Оби Ховалинг”
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои себ ва хучи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат дар ихтиёри худ 16 гектар боғ ва дигар заминҳои кишоварзӣ дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ имконияти зиёд кардани боғҳои ангур ва хуч мавҷуд аст. Коргарон дар заминҳои боғҳои интенсивӣ ва бобоӣ ба парвариши дарахтони себ, гелос, чормағз, нок ва хуч машғуланд. Дар боғҳои ширкат 10 нафар коргар ба таври доимӣ фаъолият дорад ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил иловатан 30 нафар ба кор ҷалб мегардад. Аз ҳосили себу хуч дар корхонаи “Оби Ховалинг” афшура низ тайёр карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои васеъ кардани майдони боғҳои интенсивӣ, бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли мева ва таъмини бозорҳои дохилӣ ва рушди содироти маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Санаи нашр: 06.09.2024 №: 172
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)