ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОНКИ МИЛЛӢ. МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РЕЙТИНГИИ “MOODY’S INVESTORS SERVICE” 

БОНКИ МИЛЛӢ. МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РЕЙТИНГИИ “MOODY’S INVESTORS SERVICE” 

06 сентябр 2024, Ҷумъа
7
0
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s Investors Service” Янг Ким ва Арҷун Хайтан мулоқот намуд.
 
Ӯ оид ба вазъи кунунии низоми бонкии кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ иттилоъ дод. Зикр шуд, ки сарфи назар аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳо ба мушоҳида мерасанд ва рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин мегардад. 
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома медиҳад, – иброз дошт Фирдавс Толибзода.
Таҳлилгарони Агентии “Moody’s” доир ба методологияи гузарондани баҳодиҳӣ ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг аз рӯйи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ҷой доштани хавфҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳарф зада, масъалаҳои молияву буҷет ва иҷтимоию иқтисодиро барои баҳодиҳии рейтинги навбатӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки зимни таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусиятҳои минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ислоҳоти роҳандозишуда ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим ба инобат гирифта шаванд. Натиҷаи баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ ҳамчун талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузор ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонанд. 
Боиси зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 24-уми сентябри соли 2014 бо Агентии рейтингии байналмилалии ”Moody's Investors Service” ҷиҳати баҳогузории рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.09.2024 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив