ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

10 сентябр 2024, Сешанбе
6
0
Пойтахти кишвар – шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе, ба маркази чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.
Бахшида ба ин санаи фархунда паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ироа гардид. Дар он гуфта мешавад: «Истиқлоли давлатӣ барои кишвари ҷавони мо як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, моро зарур аст, ки баҳри таҳкиму устуворӣ ва рушди минбаъдаи он дар ҳамбастагӣ тамоми неруи зеҳнии хешро равона созем.
Ҳар яки мо вазифадорем, ба арзишу дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ арҷ гузорем ва дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон саъю талоши бештар намоем. Мо таҳкиму тақвияти Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишварро рисолати муқаддаси худ меҳисобем».
Шоми рӯзи 9-уми сентябр дар Маҷмааи «Истиқлол» бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, табрикоти раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба сокинони пойтахт ва меҳмонони он расонд. Зикр гардид, ки даврони истиқлол барои мо – тоҷикон имкони воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. «Истиқлоли давлатӣ  барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. 
Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад», – гуфт Ҷ. Табарзода.
Сипас, чорабинии ҷашниро ҳунармандони намоёни кишвар бо суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватан зиннати хос бахшиданд. Дар охир мушакпарронии зебое пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвар гардонда шуд.
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ВМКБ.  ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ДАВЛАТДОРӢ ШАҲОМАТ ДОШТ
Субҳи 9-уми сентябр бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Алишер Мирзонабот сокинони вилоятро бо Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири 33 соли истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ тавонист ҷойгоҳи шоистаеро дар арсаи байналмилалӣ касб намояд. Имрӯз аз баракати истиқлол миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистонро кулли мардуми сайёра мешиносанд». 
Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувори ҳокимият, асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар гузошта шуда, пули миллӣ ба муомилот баромад. Дар кишвар рукнҳои давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи марзу буми кишвар ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят зикр дошт, ки ВМКБ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи доимии давлат, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад. Таъкид гардид, ки айни замон, дар доираи марҳалаи нави рушди бесобиқаи вилоят, ки аз ҷониби Пешвои бунёдкори миллат эълон гардидааст, аз худ намудани имкониятҳои боигариҳои зеризаминии вилоят вусъати тоза касб намуда истодааст. 
Котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода таъкид дошт, ки роҳи 33-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар барои ҳар фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд боқӣ мемонад.
«Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин Ҷашни муқаддасу фархунда барои мардуми сарбаланди мо на танҳо як рӯзи тақвимӣ, балки нишонаи арҷгузории амиқ ва самимӣ ба бузургону қаҳрамонони миллат аст, ки барои озодиву истиқлол, барои ҳуқуқи мустақилона муайян намудани сарнавишти халқи тоҷик мубориза бурдаанд», – гуфт Н. Маҳмудзода.
Сипас, барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ ба пешқадамони истеҳсолот унвону мукофотҳои давлатӣ супурда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини аҳли фарҳанги вилоят пешкаши тамошогарон гардид. 
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив