ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ОБ ВА НАВРӮЗ – ДУ САРЧАШМАИ ҲАЁТИ БАШАР” 

“ОБ ВА НАВРӮЗ – ДУ САРЧАШМАИ ҲАЁТИ БАШАР” 

29 март 2023, Чоршанбе
31
0


21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем-Александр дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 дар чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” иштирок карданд.
Ба муносибати баргузории Конфронси таърихии СММ-ОБ 2023 дар даромадгоҳи бинои асосии қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк намоишгоҳи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ташкил карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем-Александр ба макони баргузории намоишгоҳи марбут ба об ташриф оварда, онро расман ифтитоҳ намуданд.
Намоишгоҳ ба таври рамзӣ ҳамчун гузаргоҳ – нақби пӯшида ташкил гардида, ба пуррагӣ мавзуи об ва ободиро таҷассум месозад.
Бо даъвати шаҳрванди Австралия хонум Мина Гули, ки чанде пеш ба ифтихори ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дави байналмилалӣ анҷом дода буд, сарварони  давлатҳои Тоҷикистон ва Нидерланд дарҳои рамзии намоишгоҳро расман боз намуда, вориди он шуданд.
Дар намоишгоҳ доир ба аксу ангораҳои ифодагари муҳимияти об дар таъмини рушди устувор ва ҳаёт дар сайёра ба сарварони давлатҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Баъди берун шудан аз нақб – намоишгоҳи рамзии об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем-Александр, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа ва хонум Мина Гули акси хотиравӣ гирифтанд.
Пас аз тамошои намоишгоҳи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем-Александр дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 ва чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Сарварони давлатҳо дар намоишгоҳ бо маҳсули дасти ҳунармандони хушзавқу хушсалиқаи тоҷик, аз ҷумла намоиши сарулибоси миллӣ, ҳунари кандакорӣ дар чӯб, оҳангарӣ, нонҳои хуштаъм, санъати рассомӣ, асбобҳои мусиқӣ, расму мусаввараҳо аз мавзеъҳои зебову нотакрори кишвар ва маҳсулоти аз сангҳои қиматбаҳои Ватан омодагардида шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар кишвар ба масъалаи  рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Ҳамаи ашёҳои дар намоишгоҳ гузошташуда бозгӯйи фарҳангу тамаддуни ғанӣ буда, аз ҳунармандӣ, бунёдкорию ободгарӣ ва меҳнатдӯстии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Ҳунармандону устоҳои чирадаст бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун касби пурифтихор ва анъанаи неки ниёгонамонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳон хизмати шоиста менамоянд.
Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр ва дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ-2023 аз тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таассуроти нек бардоштанд.
Пас аз анҷоми намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар доираи чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” барномаи ҳунарии идонаи наврӯзии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем-Александр, дигар намояндагони расмии давлатҳои аъзои СММ ва меҳмонони Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони чорабинии идонаро ба муносибати Ҷашни зебои баҳор – Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Пас аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” барномаи консертии идонаи наврӯзии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик баргузор гардид.

Санаи нашр: 25.03.2023 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив