МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАНГ ВОН САМ
6-уми сентябр дар Қасри миллат Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳангоми вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОИКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд.
29 дарсад афзудани гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳафт моҳи соли равон тамоюле номида шуд, ки арзандаи дастгирӣ аст.
Зимни суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди инсонӣ, баррасӣ шуд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самарабахш арзёбӣ гардид. Ҳамчунин, доир ба масоили мубрами робитаҳои дуҷониба, аз қабили тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, афзоиши тавлиди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, ташкили “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” табодули андеша сурат гирифт.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)