МАРОСИМИ ПӮШИДАШАВИИ КОНФРОНСИ ОБИ СММ
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок карданд.
Нахуст, тибқи муқаррароти маросими пӯшидашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд Эвелин Вевер-Крус ба ҳайси раисони Конфронс дар минбари асосӣ ҷойҳои худро гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Раиси Маҷмаи умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуданд.
Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ - 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гашт, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.
Таъкид гардид, ки дар кори Конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим - об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба Конфронси навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки имрӯз кишварҳо аз уҳдадориҳояшон ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтанд ва якҷоя метавонанд ба ин мақсадҳои наҷиб ноил гарданд.
10 нафар ҳамраиси муколамаҳои интерактивӣ, 5 нафар намояндагони ҷонибҳои манфиатдор ва 2 модератор ба саҳна даъват шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд қуттии рамзии Рӯзномаи «Амал оид ба об»-ро, бо тамоми уҳдадории кишварҳо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Маҷмаи умумии СММ тақдим карданд.
Дар ин лаҳза онҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазири инфрасохтор ва оби Нидерланд ҳамроҳӣ карданд. Баъди аксбардории маросими супурдани рамзи рӯзномаи об раисикунандаи Конфронси об – Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон изҳори сипос намуда, Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро пӯшида эълон намуданд.
Дар поёни маросими пӯшидашавии Конфронс навори кӯтоҳи видеоии ҷамъбастӣ намоиш дода шуд.
Ҳамин тавр, кори Конфронси оби СММ, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд гузаронда шуд, ба анҷом расид.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи Конфронси об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Нидерланд, роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вохӯрда, масъалаи ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи Конфронсро баррасӣ карданд. Инчунин, дар доираи кори Конфронс садҳо ҳамоишҳо дар мавзуъҳои обу иқлим баргузор гардиданд. Иштирокчиёни Конфронс ва ҳамоишҳо ба саҳми Пешвои миллат ва Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо баҳои баланд доданд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 20 то 24 март ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Нимаи дуюми рӯзи 24 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба Ватан баргаштанд.