ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

16 сентябр 2024, Душанбе
9
0
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар минтақаи Рашт аз рӯзҳои аввали моҳи сентябр то охири моҳ идома ёфта, як муҳити идонаро ташкил медиҳад. 
 
Ба хотири дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин рӯзи фараҳбахш дар ноҳияи Лахш бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов чорабинии тантанавӣ доир шуд. Раиси ноҳия Каромиддин Холзода мардуми шарифи Тоҷикободро бо ҷашни мубораки миллӣ табрик намуда, доир ба аҳамият ва нақши истиқлол дар давлатдории навини тоҷикон ба таври возеҳ маънидод намуд. Мавсуф чунин зикр намуд: «Истиқлол мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар миллат аст.  Истиқлоли давлатӣ соли 1991 барои мардуми тоҷик саҳифаи нави дурахшон кушода, имкон фароҳам овард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллӣ гардад ва дар баробари дигар кишварҳои дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи олам эътироф шавад. Ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне озодии иродаи миллӣ шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноӣ ва дар маҷмуъ, рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон буд», – гуфт раиси ноҳия. 
Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ ба мудири шуъбаи ташкилии МИҲД ноҳия Хуршед Икромӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Насрулло Неъматзода мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста супурда шуд. 
Дар ноҳияи Нуробод низ, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири кишоварзӣ Нуралӣ Асозода ширкат дошт.  
Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода зимни суханронӣ роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши истиқлол дар пешрафти Ватани азизамон  изҳори назар намуд. Сипас, намояндаи Ҳукумати кишвар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба ҷашни бузурги миллӣ шодбош намуда, чунин иброз дошт: «Истиқлолу озодӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ бо талошу заҳматхои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди ватандорӣ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва Ватани аҷдодии хешро ҳифз намоем». 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.09.2024 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив