ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҲАМОИШИ МУҚАДДАМОТИИ  “ДАЪВАТИ ГЛОБАЛИИ САММИТИ ОЯНДА”

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҲАМОИШИ МУҚАДДАМОТИИ  “ДАЪВАТИ ГЛОБАЛИИ САММИТИ ОЯНДА”

17 сентябр 2024, Сешанбе
19
0
Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии  “Даъвати глобалии саммити оянда”, ки  аз ҷониби ҳамоҳангсозони он – Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити оянда”  баргузор гардид, ба таври онлайнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки  “Саммити оянда” 22-23 сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар  шаҳри  Ню-Йорки  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад.
Дар  ҳамоиши муқаддамотӣ дар доираи  раванди омодагӣ ба “Саммити оянда”, ҳамчунин, роҳбарони  ИМА, Туркия, Австрия, Швейтсария, Бразилия, Алҷазоир, Ботсвана, Перу, Молдова, Филиппин, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кипр, Миср, Гватемала, Кения, Латвия, Литва, Ветнам, Зимбабве, сарвазирони Арманистон, Покистон,  Канада,  Нидерланд,  Шведсия, Норвегия, Сингапур, Малайзия, Булғористон,   Хорватия, Дания, Гурҷистон, Юнон ва  дигар кишварҳои аъзои СММ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки  зарурати даъвати “Саммити оянда” аз таҷлили  75-умин  солгарди таъсиси СММ дар соли 2020 асос мегирад.  Он замон кишварҳои аъзои Созмон аз Дабири кулли СММ даъват намуданд, ки камбудӣ ва мушкилотро  дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муайян намуда,  роҳҳои ҳалли муносиби онро  тавсия диҳад.
Дабири кулли СММ дар вокуниш ба ин дархости кишварҳои аъзои Созмон  “Рӯзномаи умумии мо” (Our Common Agenda)-ро бо таваҷҷуҳ ба зарурати тақвият бахшидани  раванди татбиқи “Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор”  муаррифӣ намуд ва барои баргузории “Саммити оянда”, ки чанд рӯз баъд баргузор мегардад,  иқдом гирифт.
Бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия ба тариқи намояндагиҳои доимии худ дар СММ  раванди таҳия ва ҳамоҳангсозии санади ниҳоии “Саммити оянда”-ро, ки    мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла мавзуъҳои обу иқлимро фаро мегирад ва ин мавзуъҳо дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон мақоми меҳварӣ доранд, роҳбарӣ намуданд.
 
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив