ЧАРОҒИ МЕҲРИ УСТОД ХОМӮШ НАГАРДАД
Чанде пеш бо амри тақдир омӯзгор ва яке аз шоирони хушкаломи ноҳияи Ховалинг Меҳрубону Сафарова аз дорулфано ба дорулбақо пайваст. Ӯ рафту як ҷаҳон ҳасрат дар дили дӯстону шогирдон монд ва ахтареро аз китоби шоирони “Чашмаҳои Чилчанор” кам намуд.
Ба мо – шогирдон, чун номаш ғамхору меҳрубон буд. Дар роҳи эҷод муаллимаи азиз аввалин устодам буданд. Пешаи пурмашаққат ва, ҳамзамон, пуршарафи рӯзноманигориро касб карданам низ, аз таъсири дарсҳои забон ва адабиёти ӯ буд. Дасти садҳо наврасро гирифта, хатту савод меомӯзонд ва донишандӯзиямонро фардои неки мо мегуфт. Ба ҳар саволи шогирдон бо табассумҳои малеҳе, ки танҳо хоси ӯ буд, ҷавоб медод ва фанни забонро бо мисолҳои зинда ба мо меомӯхт, ки ин боиси зуд аз худ намудани дарсҳо мегардид.
Рӯзи видоаш пеши назарам ҷасорати як зани кӯҳистонӣ бо донишу маънавиёти ғанияш ҷилва менамуд. Ӯ моро аз хурдӣ паҳлуҳои гуногуни драматургияро меомӯзонд ва барои саҳнаи хурди мактаб намоишҳои театрӣ таҳия мекард. Ёд дорам, ки дар яке аз намоишномаҳо нақши Ширинро аз драмаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ бозида будам. Дар ин намоиши хурде, ки дар саҳнаи мактаб гузошта шуда буд, маҳорати коргардонияш ҳам хуб ҷилва менамуд.
Тамоми ҳастиашро барои шогирдонаш мебахшид ва дар дили мо меҳри забону адабиёти тоҷикро ҷо мекард. Маҳз бо дастгирӣ ва муҳаббати модаронааш, шогирдон дар солҳои аввали ташкили Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Барои таҳсили духтарони деҳот пайваста кӯшиш мекард ва барои монеъ нашудани волидон бо онҳо аз маҳорати баланду дониши хуби фарзандонашон сухан мегуфт.
Мавсуф соли 1968 дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба забону адабиёти тоҷик шавқи беандоза дошт. Ҳарчанд дар ҷавонияш, бо сабаби эҷоди монеаҳо нисбати таҳсили духтарон, соҳиби маълумоти олӣ нагашта бошад ҳам, меҳри таҳсилро аз худ дур насохт. Маҳз ҳамин меҳр буд, ки ӯ аз соли 2001 ба таълими насли наврас ҳамчун омӯзгор шуруъ намуд ва дар муддати кӯтоҳ мавриди эҳтироми сокинони деҳа, ноҳия ва берун аз он гардид.
Меҳрубону Сафарова дар баробари кори пурмасъулияти омӯзгорӣ ба эҷод низ рағбат дошт. Шеър мегуфт ва чакомаи хомааш дар рӯзномаи ноҳиявии “Ҳақиқати Ховалинг” пайваста ба табъ мерасид. Хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, васфи Ватани маҳбуб ва баҳори диёр меҳвари эҷодиёти ӯро ташкил медоданд.
Намунаҳои эҷодиёташ дар китоби “Чашмаҳои Чилчанор” гирд оварда шудаанд. Ҳамзамон, маҷмуаи шеърҳояш рӯи дафтар монд ва ба чопи китоби алоҳида умр вафо накард. Мо бовар дорем, ки бо дастгирии соҳибдилон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг шеърҳояш дар шакли китоб чоп мегарданд, зеро шеърҳои ватандӯстонаи як модари эҷодкор, бешубҳа, метавонад дар дили хонандагон меҳру садоқат ба Ватан ва обод кардани онро таҳким бахшад.
Судоба ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)