ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНИБОДОМ. ИСТИҚЛОЛ ФАЙЗ ДОРАД

КОНИБОДОМ. ИСТИҚЛОЛ ФАЙЗ ДОРАД

17 сентябр 2024, Сешанбе
2
0
Конибодоми бостонӣ дар радифи дигар шаҳру навоҳии кишвар ободтару зеботар мегардад. Аз файзи истиқлол кӯдакистону мактабҳои нав қомат меафрозанду корхонаҳои саноатӣ бунёд мешаванд ва роҳҳо обод. Ба ҳамин минвол, шукӯҳи ин ҷашни таърихӣ дар ҳар қадам эҳсос мешавад. 
 
ДУРАХШИ “НУРИ РОБИЯ” ВА “СИТОРА”
Боиси қаноатмандист, ки конибодомиён ба мактабу маориф, бахусус, таҳсилоти томактабӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд, зеро ин зинаи таълим дар инкишофи кӯдакон хеле нақши муассир дорад. Бо дарки ин, соҳибкорон низ имрӯз ба бунёди кӯдакистонҳо авлавият медиҳанд. Дар шаҳр кӯдакистони “Нури Робия” ба фаъолият оғоз кард, ки он аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкор Даврон Ҷӯраев бунёд ёфт. Кӯдакон имкони гирифтани таълиму тарбияро дар шаш гурӯҳ доранд. 
Ғайр аз ин, кӯдакистони “Ситора” ба фаъолият оғоз кард, ки барои 240 нафар пешбинӣ шуда, аз ду ошёна иборат аст. Ин боғча бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст қомат афрохт. Кӯдакистон бо шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он толор барои бозии кӯдакону гузарондани маҳфилҳо низ ҷой дода шудааст. 
Боиси зикр аст, ки дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нарасидани муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, ба раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо супориш доданд, то дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди кӯдакистонҳоро тезонанд. Ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар иҷрои ин амр махсус таъкид шуд.
  
 
ДУ ИҚДОМИ СОЗАНДАИ СОҲИБКОРОН 
Соҳибкорони Конибодоми бостонӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат низ саҳми арзанда мегузоранд. Бо ташаббуси Наврӯз Юсупов ҶДММ “Неруи Канд” ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он солона 1000 тонна меваи хушк бандубаст мешавад. Бо ин иқдом 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд. 
Соҳибкори дигар Р. Ҷӯраев дар маркази шаҳр коргоҳи пойафзолдӯзиро таъсис дод, ки он, асосан, барои дӯхтани пойафзолҳои мактабӣ пешбинӣ гардидааст. Соҳибкор Ҷӯраев дар ин коргоҳ 20 нафар шахсони имконияташон маҳдудро бо ҷойи кор таъмин кард. Ҳамин аст баракати осоиштагӣ, ки мардум пайи созандагист. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, Ҷумҳурият
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив