ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

17 сентябр 2024, Сешанбе
27
0

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан, барои тоҷикон рӯйдоди воқеан, сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге баҳраманд аст.

Мо – тоҷикон, аз он ифтихор дорем, ки 9-уми сентябри соли 1991 истиқлол ба даст овардем. Истиқлолият неъмати пурқиматтарин аст. Он рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад. Мафҳуми истиқлол аз лиҳози луғавӣ ва истилоҳӣ ихтиёру озодиҳои зотӣ, сириштӣ, ботинӣ ва зоҳирии инсонро ифода мекунад. Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, бо масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ пайвастагӣ дорад ва ҳамин масъулият аст, ки пояҳои иттиҳоду ҳамбастагии мардумиро мустаҳкам мекунад ва ҳастию вуҷуди халқу миллатро дар паҳнои таърих ҳифз менамояд. Ин неъмати бебаҳо дарвозаҳои саодатро ба рӯи мо боз кард.  Албатта, истиқлоли Тоҷикистон бо кору фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бахусус, масъалаҳои марбут ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, шинохти асли худ, густариши андешаи созандаи миллӣ ва таҳкими аркони давлатдории миллӣ тули ин солҳо ба яке аз самтҳои бунёдии сиёсати фарҳангии Сарвари давлат табдил ёфт. Гиромидошти арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, ифтихор аз таърихи бостониву ғановатманди халқи тоҷик, арҷгузориҳо ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат будааст. Назариёти илмӣ ва бунёдии Пешвои миллатро дар ин самт ба инобат бигирем, ба чунин хулоса хоҳем расид, ки ӯ усулан муаллифи консепсияи андешаи миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад. Ин консепсия шомили ҷузъитарин масъалаҳоест, ки афроди миллатро метавонад дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбият намояд. Аз ин рӯ, истиқлол мазҳари ормонҳои таърихӣ, рамзи ҳувияти миллӣ, оғозгоҳи Ватану ватандорӣ ва давлати миллӣ мебошад.

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро ҳанӯз аз хотираҳо зудуда нагаштааст, ки мо дар оғози истиқлолият ба чи рӯзҳое гирифтор будем. Дар ҷараёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бо сабаби сӯхтаву вайрон шудани корхонаҳо ва баъдан аз ҷониби ҷинояткорон ба ғорату тороҷ рафтани боқимондаи онҳо ҳоли табоҳи иқтисоди ҷумҳуриро боз ҳам табоҳтар гардонд. Бар асари ҷанг 120 ҳазор бинои истиқоматӣ, марказҳои маъмурӣ, корхонаҳо, идораву кӯдакистонҳо ва мактабҳо вайрону валангор гаштанд. Ҷанг ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллари ИМА хисорот овард. Бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид. Бо амри тақдири наку, дар чунин рӯзҳои сахту сангин сарвари дилсӯзу ғамхор Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва ин доғ аз саҳифаи рӯзгори мардум бардошта шуд. Президенти маҳбуби кишвар ҳамчун мунодии ваҳдати миллӣ, бақои миллат ва фарҳангу забони Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, ба қаламрави саодат раҳнамун сохтанд. Мусаллам аст, ки кишвари мо, қатъи назар аз омилҳои таъсиррасон, дар зарфи сию се соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати сулҳу ваҳдат дар роҳи таъмини рушди сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Дар ин давра барномаҳои мукаммали ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ шуда, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам омад.  Истиқлол моро ба ояндаи боз ҳам дурахшонамон умедвор мекунад. Дар мамлакат корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ сол ба сол вусъат гирифта, бо маблағгузории ниҳодҳои молиявии кишварҳои дӯст садҳо километр роҳи сатҳи ҷаҳонӣ, даҳҳо корхонаи азим, нақбу пулҳо сохта шуданд, ки имрӯз дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодаанд.  Пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, симои худро тағйир дода, ба шаҳри зебою дилкаш, макони дӯстдоштаи мардум табдил ёфт. Хиёбонҳои гулпӯш ва биноҳои баландошёнаи замонавӣ ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намуданд. 
Итминон аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз руҳияи созандагиву бунёдкоронаи мардум дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре даст меёбад ва чун кишвари мутараққӣ боз ҳам шинохта хоҳад шуд.


Кароматулло АТО,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив