ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУДХОНАИ МУОСИР ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУДХОНАИ МУОСИР ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

17 сентябр 2024, Сешанбе
21
0
Бо мақсади татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи истиқбол аз Ҷашни фархундаи миллат – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмаҳмадзода дар маҳаллаи Қӯштеппа-3-и ноҳияи Шоҳмансур бинои дуошёнаи шуъбаи таваллудхона бо тарҳи наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Бино бо иқдоми мардони саховатпеша ва ҳимматбаланди маҳалла, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби ҶДММ "Покиза" бунёд гардида, он аз ду ошёна ва 18 ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат аст. Дар он 18 табиби соҳибтаҷриба 24 соат ба аҳолӣ хидмат хоҳад кард.
Иншоот ба системаи муттамарказонидаи гармидиҳӣ насб гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам бо ангишту сӯзишворӣ гармии ҳуҷраҳо дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БОХТАР.  ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ ВА МАРКАЗИ САВДО
Зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар маҳаллаҳои Хатлон ва Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар майдончаи варзиш ва маркази савдоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди маҳаллаи Хатлон аз тарафи соҳибкорон 5 майдончаи бозии кӯдакон бо харҷи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ва бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ майдончаи бозии футболи хурд сохта шудаанд. Дар ҳудуди майдонча зиёда аз 45 арғунчак барои бозии кӯдакон, таҷҳизоти машқу тамрин, 8 айвонча, майдончаи бозии кӯдакон дар масоҳати зиёда аз 3500 метри мураббаъ мавҷуданд.
Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маркази савдоро дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии кӯчаи Кайҳоннавардон, ки бо ташаббуси соҳибмулк Фирдавс Қурбонзода сохта шудааст, мавриди истифода қарор дод. Дар он 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо сокинон гуфт, ин ҳама имкониятҳо аз дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат дарак медиҳанд.
Таъкид шуд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарон, ба машқу тамрин ҷалб шаванд, зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.
Сарвазир ба ташаббускорон барои муҳайё сохтани чунин шароити мусоид изҳори сипос намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хонд.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
 
Оғози мавсими пахтачинӣ дар вилояти Суғд
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфт. Деҳқонони шаҳру ноҳияи Конибодом ва Мастчоҳ тоннаҳои аввалинро аз ҳосили  мавсими нав ба хирман рехтанд. Ҷиҳати сари вақт ва беталаф ғунучини ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи марди деҳқон ва андешидани тадбирҳои  судманд қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид, ки мутобиқи он бо сарварии Раҷаббой Аҳмадзода ва  иштироки 29 масъули соҳаҳои гуногун ситоди “Ҳосил-2024” таъсис ёфт.
Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори раёсати кишоварзии вилоят, дар мавсими имсола деҳқонони ноҳияҳои пахтакори вилоят дар майдони 52 ҳазору 363 гектар  зиёда аз 10 навъи чигити ватанию хориҷӣ кишт карданд. Тибқи хулосаи коршиносони соҳаи пахтакорӣ, дар ҳоли ҳозир нашъунамои пахтазор ҷавобгӯй ба талаботи рӯз буда, бояд дар ин рӯзҳои офтобӣ  сад дар сад бо қувваи худи саҳмдорон беталаф ҷамъоварӣ шавад. Интизор меравад, ки дар ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод ба кумаки кишоварзон мошинҳои пахтачин сафарбар мешаванд. Арзиши ҳар килограмм ҳосили пахтаи мавсими имсоларо ситоди вилоятӣ, ки  рӯзҳои наздик доир мегардад, муайян хоҳад кард. 
Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят 134 ҳазору 530 тонна муқаррар шудааст.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив