ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

17 сентябр 2024, Сешанбе
12
0
«ВАНҶ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД!»
Мақолаи Гулнисо Саъдоншо зери унвони «Ванҷ. Соҳаи фарҳанг ба дастгирӣ ниёз дорад!», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№62 (24 925) 4-уми апрели соли равон нашр гардид, дар Вазорати фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ин, иттилоъ медиҳем, ки дар ноҳияи Ванҷ айни замон 35 муассисаи фарҳангӣ,  аз ҷумла 2 қасри фарҳанг, 6 хонаи фарҳанг, 1 клуби деҳот, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 23 китобхона (филиалҳо дар деҳот) ва 1 мактаби мусиқӣ дар шароити хуби корӣ қарор дошта, дар онҳо 109 корманд (29 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 27 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси касбӣ ва 53 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ) фаъолият доранд.
Боиси тазаккур аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 қасри фарҳанг муҷаҳҳаз бо тамоми васоити техникӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия давоми соли равон ба маблағи 24 000 сомонӣ хонаҳои фарҳанги деҳаҳои Бунай, Ғӯмаст ва Гишхун таъмир гардида, барои фаъолияти кории кормандон шароити мусоид фароҳам омад. 
Инчунин, барои тармими боқимондаи муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби ноҳия дар системаи хароҷотӣ маблағ пешбинӣ шуда, давра ба давра корҳои таъмирӣ ва бозсозӣ амалӣ мешаванд. 
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши фарҳанги ноҳия созҳои мусиқӣ ба маблағи 216 229 сомонӣ харид гашта, ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба бахши фарҳанги ноҳия ба маблағи 34 844 сомонӣ барои хариди таҷҳизотҳои равшанидиҳанда кумак расонда шуд. 
Дар зимн, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ба бахши фарҳанг ба маблағи 15 690 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ харид гардид. 
Вазорат баҳри тавсеаи ҳамкориҳо баҳри рушди фарҳанги миллӣ омодагии худро иброз менамояд. 
Д. САФАР, муовини вазир
 
 
««СОЗТАРОШ».  ЧАРО ҲОЛИ ТАБОҲИ КОРГОҲИ ФАРҲАНГСОЗ ВАЗОРАТРО НИГАРОН НАМЕКУНАД»
Вазорати фарҳанг мақолаи Гулнисо Саъдоншо таҳти унвони ««Созтарош». Чаро ҳоли табоҳи коргоҳи фарҳангсоз Вазоратро нигарон намекунад»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№75) 24-уми апрели соли равон ба табъ расидааст,  мавриди баррасӣ қарор дод.
Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» дар тамоми давраи мавҷудияташ бо Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои фарҳангии кишвар дар ҳамкории доимӣ қарор дошта, тамоми созҳои тайёркардааш аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ ва Вазорат ба тариқи ғайринақдӣ харидорӣ гардида, вобаста ба дархост ва талабот ҳамчун кумак тақсим карда мешавад. 
Бояд таъкид сохт, ки асбобҳои истеҳсолкардаи Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» солҳои охир бо сифати паст тайёр карда шуда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз тарафи мудирони бахшҳои фарҳанг низ шикоятҳо мерасанд, ки асбобҳои истеҳсолкарда ҳамчун асбобҳои бутафорӣ истифода бурда мешаванд.  Аммо, сарфи назар аз ин, Вазорати фарҳанг ҳар сол ба маблағи зиёда аз 30 000 сомонӣ асбобҳои мусиқии миллиро аз Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» мехарад.
Боиси зикр аст, ки Корхонаи «Созтарош» барои таҷдиду навсозӣ ниёз дорад, таҷҳизоту воситаҳои техникии мавҷуда солҳои панҷоҳуми асри гузашта васл шуда, айни ҳол дар ҳолати корношоям қарор доранд. 
Вазорати фарҳанг лоиҳаи инвеститсиониро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати таҷдиду навсозии Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош»  пешниҳод намуда буд. Мутаассифона, ин масъала ҳалли худро наёфт.
Вазорат ҷиҳати беҳбуди фаъолияти минбаъдаи Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош»  тадбирҳои зарурӣ меандешад. 
 
ШАРИФЗОДА М.М., муовини вазир
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив