ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НИШАСТИ ДУЮМИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН
17-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар нишасти дуюми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ сарварони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро матраҳ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки “идомаи муколамаи мо дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Олмон ба талошҳои муштарак ҷиҳати муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад”.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр сохтанд, ки «мо омодаем ҳамкории зичро бо шарикони худ барои ноил шудан ба ҳадафи роҳандозии шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Олмон идома диҳем».
Таъкид гардид, ки пешбурди пайвастаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо бояд яке аз афзалиятҳои асосӣ гардад.
Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, андеша ронда, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла Олмон, муҳим хонданд.
Ҳамкории босамар ба хотири таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ басо муҳим номида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарварони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои гуногуни иқтисод низ ҷалб намуданд.
Дар анҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои нишасти дуюми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад.
Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)