ШИРКАТИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН
17-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи нишасти дуюми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва сухан ронданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказиву имконоти молиявию технологии Олмон, мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, бахусус манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз”, мебошад. Истифодаи самараноки ин иқтидор ба мо имкон медиҳад, ки дар “рушди сабз”-и минтақа саҳми арзанда гузорем.
Зикр шуд, ки имрӯз 98 дарсади неруи барқ дар давлати мо аз манбаъҳои барқароршаванда тавлид мешавад. Ҳукумати кишвар нақша дорад, ки то соли 2032 тавлиди неруи барқро комилан аз захираҳои “неруи сабз” таъмин намояд ва то соли 2037 Тоҷикистонро ба “кишвари сабз” табдил диҳад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ширкатҳои Аврупоро дар ворид сохтани технологияҳои нав ба соҳаи гидроэнергетикаи кишвар таъкид намуданд.
Татбиқи тарҳҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҷалби технология ва таҷрибаи пешрафтаи Аврупо ба мақсади “рушди сабз”-и кишвари мо номида шуд.
Дар суханронии пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба кашфи 800 кони канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон ва имконоти мусоиди ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти маҳфуздорандаи энергия ва электротехникӣ андеша ронданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба рақамикунонӣ ва рушди инноватсия афзалият дода, барои сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо имтиёзҳо ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ ва маорифу тандурустӣ аз самтҳои дигари афзалиятнок барои кишвари мо арзёбӣ гардид.
Президенти кишвар изҳор доштанд, ки Тоҷикистон, дар баробари захираву имконоти худ, барои фаъолияти муваффақи сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ҷорӣ намудани низоми якҷонибаи бераводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, барои будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати то 30 рӯз яке аз омилҳои дигари мусоиди ҳамкорӣ маънидод гашт.
Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат иштирокдорони Форумро ба ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи “рушди сабз”, даъват намуданд.
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)