ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. ДУ ҶАМОАТИ ДЕҲОТ ДАР ИНШООТИ ХУСУСӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД

ҲИСОР. ДУ ҶАМОАТИ ДЕҲОТ ДАР ИНШООТИ ХУСУСӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД

18 сентябр 2024, Чоршанбе
19
0
Солҳост, ки Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор бинои давлатии маъмурӣ надошта, дар иншооти хусусӣ ҳамчун иҷоранишин фаъолият мекунад. Ба иттилои масъулон, соли 2008 Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ба ду қисм ҷудо шуд, ки дар заминаи он деҳоти Ориёнро таъсис доданд. Аз рӯзи таъсисёбӣ Ҷамоат дар бинои як хоҷагӣ фаъолият мекардааст, аммо соли 2013 он хусусӣ гардидааст. Биноан, Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо соҳибмулки иншоот қарордод баста, онро иҷора гирифтааст. Шуруъ аз ҳамон сол то ҳол Ҷамоати деҳоти Ориён дар он иншоот иҷоранишин мебошад.
Аҳмад Қаюмзода, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Ҳисор, дар ин бора афзуд: 
– Дар сметаи хароҷотии деҳоти Ориён маблағи солонаи иҷора муқаррар шудааст. Ҳар сол аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағи он пардохт мегардад. Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод низ бинои давлатӣ надошта, дар иншооти хусусии хоҷагии деҳқонии ба номи Латиф Муродов корашро пеш мебарад. Хоҷагии мазкур иншооти худро ройгон дар ихтиёри Ҷамоат гузошта, иҷорапулӣ талаб намекунад.
Ба иттилои масъулон, маблағи иҷорапулии деҳоти Ориён қаблан 38 ҳазор сомониро ташкил медод. Ҳоло бошад, иҷорадеҳ музди кирояро боло бурда, он ба 48 ҳазор сомонӣ расидааст. Маблағ пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохт мешавад.
Моҳи августи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, хабарнигори «Ҷумҳурият» дар бобати дар биноҳои шахсӣ фаъолият намудани ҷамоатҳои деҳоти фавқуззикр суол пешниҳод намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода вобаста ба масъала чунин гуфт: «Дарвоқеъ, нигаронкунандааст, ки Ҷамоати деҳот дар бинои иҷора фаъолият намояд. Алҳол деҳоти Ориён таваллудхона низ надорад. Деҳоти мазкур аз шаҳр дар масофаи дуртар қарор дорад. Бинобар ин, нақша дорем, ки аввал дар ҳудуди деҳот таваллудхона таъсис бидиҳем. Масъалаи бо бинои маъмурӣ таъмин намудани идораи Ҷамоатро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор медиҳем». 
Ҷ. Носирзода аз рӯзи таъин гардидан ба вазифа, барои рафъи камбудиҳои асосии шаҳр талош дорад. Итминон дорем, ки мушкили иҷоранишинии ҷамоатҳои деҳот низ ҳалли худро меёбанд. 
 
Ёқуби СОДИҚ, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив