ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМА ВАҲДАТСАРОИ ИН ВАТАН БОШЕМ

ҲАМА ВАҲДАТСАРОИ ИН ВАТАН БОШЕМ

18 сентябр 2024, Чоршанбе
3
0
Вожаи “ваҳдат”, хусусан, дар солҳои даргириҳои кишвар, яъне давроне, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, маънии боз ҳам комилтар гирифт, дар дили аҳли фазл ва ватанпарастони асил ҷо ёфт, масканаш тухми гул пайдо намуда, гулдастаи ваҳдат шукуфонд. Дар саргаҳи ваҳдатталабию ваҳдатшиносӣ ва таҳкими истиқлол Сарвари давлат, ки халқ унвони Пешвои миллатро ба номашон муҳр зад, қарор доранд.
Маҳз ҳамин ваҳдат, ки 27-уми июни соли 1997 ба даст омад, истиқлоли давлатиро мукаммалтар гардонд ва мо имрӯз дар ҳавои беғубори давлати соҳибистиқлол озодона кору зиндагӣ мекунем. Аз ин хусус хурд то бузург ҳарф мезананд, ифтихор мекунанд, ки дар “Тоҷикистони биҳиштосо” (ифодаи Пешвои миллат) умр ба сар мебарем.
Ин лаҳза чунин ҳикмат ба ёд меояд, ки 9-уми марти соли 2024 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баён намуданд: “Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.
Ҳама ваҳдатсарои ин Ватан бошем,
Анису бовафои ин Ватан бошем.
Ҳамеша ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон андар ризои ин Ватан бошем.
Пешвои миллат ҳар гоҳе аз истиқлолу озодӣ, аз ин неъмати бебаҳои миллат ҳарф мезананд ва ҳифз кардани ин ду чизро таъкид мекунанд, дар замири он ваҳдат ҷӯш мезанад, яъне дӯст доштани Тоҷикистон ба ваҳдатпарастии мо вобаста аст. 
Садои ваҳдат аз забони Сарвари давлат шукӯҳманду ширину сермаъно мебарояд. Ваҳдати Пешвои миллат халқро ба ободию шукуфоии кишвари азиз талқин мекунад. 28-уми декабри соли 2023 вақте Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа карданд, дар мавриди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардумро фароҳам овардаасту дастоварди муҳимтарини даврони соҳибдавлатии навини миллӣ мебошад, ҳарф зада баҳо медиҳанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор, сокини ноҳияи Файзобод  
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив