ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲИДДИН АСАДУЛЛОЕВ: “Идеалам дар ҷудо Расул Боқиев аст”

МУҲИДДИН АСАДУЛЛОЕВ: “Идеалам дар ҷудо Расул Боқиев аст”

18 сентябр 2024, Чоршанбе
2
0
Дунёи варзиш дигар аст. Ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар ҳатман бо худ Парчами давлатиро мегиред. Масъулияти бузург доред – муаррифии давлату миллат. Ҳақиқати дигаре низ ҳаст, ки инсонро ба ҷодаи варзиш меоварад. Он ҳам бошад, тавоноиву саломатӣ. 
Соҳибистиқлолии кишвар боис гардид, ки варзишгарони мо ба дастовардҳои шоён ноил гарданд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Паҳлавони ҷавону умедбахш Муҳиддин Асадуллоев аз зумраи онҳост.
Муҳиддин аз нуҳсолагӣ ба толори варзишии зодгоҳаш – деҳаи Ҷавонии шаҳри Роғун, назди падар ва бародаронаш рафта, ба омӯхтани нозукиҳои гӯштин шуруъ кард. Рӯзҳои аввал тамрин барояш осон набуд, аммо сабр намуд. Мекӯшид, ки дар байни дигарон намуна бошад. Бо гузашти вақт малака ҳосил намуда, маҳораташро сайқал дод, ки акнун натиҷа медиҳанд. 
Муҳиддин дастовардҳояшро чунин номбар кард: “Соли 2016 бори аввал дар Мусобиқаи байналмилалӣ байни наврасон оид ба ҷудо, ки дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашт, сазовори медали тилло шудам. Соли 2018 дар Ҷоми Осиё дар Қазоқистон дар вазни 55 кг, соли 2019 дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус, соли 2023 дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо байни наврасон (шаҳри Тошкент), моҳи июни соли равон дар Ҷоми Осиё байни ҷавонон дар вазни то 73 кг дар Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон низ, сазовори медали тилло гаштам”. 
Паҳлавони тоҷик дар арафаи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзандаи худро барои Ватани азиз овард. Чанде пеш дар шаҳри Мунгйонги Ҷумҳурии Корея дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон сазовори мақоми аввал шуд.
Ӯ тамоми комёбиҳояшро, пеш аз ҳама, ба заҳмати устодаш Иззат Худоиев ва дуои волидайн мансуб медонад. Ҳоло ӯ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов таҳсил мекунад.
– Орзуи ҳар варзишгар чемпиони олимпӣ, ҷаҳон ва қора шудан аст. Ман ҳам истисно нестам. Вақте болои суфаи ифтихорӣ мебароӣ, ба шарафат Суруди миллии кишварат садо медиҳад ва ашки шодӣ беихтиёр ҷорӣ мешавад, ҳазорон нафар ба хотири ҳунари волоят каф мезанад, сарат баланд ва дилат ором мегирад. Он замон эҳсос менамоӣ, ки кӯшишу заҳматҳоят бесамар набудаанд, – зикр кард ҳамсуҳбати мо. – Мехоҳам изҳори сипоси худро аз тариқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба Муҳаммадшо Абдуллозода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва устодони ин даргоҳ барои дастгириашон расонам.
Ба саволи киро идеал меҳисобӣ, ҷавонпаҳлавон чунин посух дод: “Идеали ман Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин (соли 2008) аст. Вақте аз тариқи телевизион ҳунарнамоии ӯро медидам, мехостам мислаш бошам. Зӯрозмоиҳои ӯ шавқамро нисбат ба гӯштӣ бештар менамуд. Маҳз ҳунари волои Расул Боқиев сабаб шуд, ки ин риштаи варзишро интихоб намоям”. 
Барои дастовардҳои варзишӣ Муҳиддин Асадуллоев соли 2023 бо унвони Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба ҷудо мушарраф гардид.   
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив