ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУНЗИМ. АСОСГУЗОРИ  АДАБИЁТ ВА САНЪАТИ НАФИСА

МУНЗИМ. АСОСГУЗОРИ  АДАБИЁТ ВА САНЪАТИ НАФИСА

20 сентябр 2024, Ҷумъа
14
0


Шояд барои камтар касоне маълум бошад, ки ба номи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим кӯчаест дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ӯ дар қисмати охири умр корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият” (он замон, аввали солҳои 30-юми асри гузашта “Тоҷикистони сурх”) буд. Оре, ҳамон Мунзиме, ки дар назди Садри Зиё ҳамроҳи устод Садриддин Айнӣ таълиму тарбия гирифтанд ва ӯ бештар машқи хат мекарду асари машҳури “Наводир-ул-вақоеъ”-ро китобат менамуд ва ҳам ашъори Ҳайратеро. 
Китобати “Наводир-ул-вақоеъ” барои Мунзим дар он рӯзгори тира осон набуд. Ин амал пинҳонӣ сурат мегирифт.
Тавре Соҳиб Табаров менигорад: “Агар Мунзим дар таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ ва тамаддуни халқи тоҷик дигар ҳеҷ коре намекард ва танҳо ба ҷамъ овардану бо хатти зебои худ, ки он ҳам навъи санъати олӣ ба шумор меравад, нусхабардору рӯнавис кардану барои насли минбаъда ва тамоми башарияти мутамаддин маҳфуз доштани “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш ва ашъори Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат иктифо менамуд, номи худро абадӣ мегардонд”.
Ӯ, инчунин, дар табъу нашри нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ - “Бухорои шариф” чун кашшоф эътироф гардидааст.
Садриддин Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” намунаи ашъорашро меорад ва менигорад: “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим аз ҷумлаи роҳбарони инқилобиюни Бухорост. Аввалин бор дар Бухоро ба усули тоза мактаб кушода, муаллимӣ кард, то имрӯз ба он маслаки худ давом дорад. Мунзимро ашъори оташбори инқилобӣ низ ҳаст...”. 
Дар пайравии Камоли Хуҷандӣ ӯро ғазалест, ки дар ин китоб оварда шудааст. Ин чанд сатр аз ғазали мазкур мебошад:

Гуфт дилбар: Хоки пояш бар ба сар. Гуфтам: Ба чашм!
Сар зи хоки пои  ман камтар шумар. Гуфтам: Ба чашм! 
Гуфт: Бар зулфу хату холу рухам кардӣ назар, 
Рост гӯ: Шӯхӣ куҷо дорад мақар? Гуфтам: Ба чашм! 
Гуфт: Аз ман гар туро чашми ҳасудон дур кард, 
Аз фироқи рӯи ман кун гиря сар. Гуфтам: Ба чашм! 

Бо кушодани мактаби усули ҷадидӣ дар Аморати Бухоро Айнӣ, Ҳамдӣ ва Меҳрӣ дар ин мактаб ёварони асосии ӯ ба шумор мерафтанд. Мактаби навтаъсисдода дар Бухоро шуҳрат меёбад, усули таълими он тавсиф мешавад ва мардумро ба худ ҷалб мекунад.
Тавре муҳаққиқи варзида, шодравон Соҳиб Табаров менависад: “Мунзим дар ҳамон соли 1909 барои шахсони 20-30-сола низ, ки дар вақташ 8-10 сол дар мактабҳои куҳна хонда, хатту саводи кофӣ набароварда буданд, курси шабона мекушояд. Ӯ ҳар рӯз ба ин толибилмон дусоатӣ дарс медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамин онҳо дар 40-50 рӯз хондану навиштанро ёд мегиранд”. Бо шуҳрати зиёд ёфтани ин мактаб бо усули пешрафтаи таълим ва омӯзиши фанҳои гуногун иртиҷоъпарастон бар зиддаш мебароянд ва оқибат дар назди ҳукуматдорон масъала мегузоранд, то ин мактабро бибанданд. Дар натиҷа 9-уми сентябри соли 1909 маҷлиси кушодаи имтиҳони умумӣ баргузор мешавад. Ин имтиҳон хуб мегузарад ва хабари истеъдоди хонандагони мактаби Мунзим дар Бухоро паҳн мегардад. Яке аз он имтиҳонгирон Муфтӣ Муҳаммад Икром буд. Ӯ бо тавсифи мактаб изҳор медорад, ки ҳеҷ ихтилофе дар таълими он ба шариат намебинад. Бо вуҷуди ин ҳама, бадхоҳон мегӯянд: “Агар ин мактаб баста нашавад, шӯриш мекунем, ба қушбегӣ ва қозикалон ҳуҷум мекунем, муфтӣ Икромро нобуд мекунем, муаллими мактабро мекушем, онҳоро аз мусулмонӣ хориҷ мекунем” (Аз “Таърихи Инқилоби Бухоро”-и С. Айнӣ). Ҳамин тавр, мактаби Мунзимро мебанданд.
Умуман, саҳми ин абармарди роҳи маърифат дар бедории фикрӣ, нашру китобати асарҳо, ба хориҷи кишвар бурдани толибилмон ва раҳнамунии онҳо зиёд мебошад. Ҳамчун муовини раиси Комиссияи алифбои нав (раис Нусратулло Махсум) неруву дониши худро дар тарғиби алифбои лотинӣ сарф мекунад. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” соли 1930 пайи ҳам мақолаҳояш бо номҳои “Дар бораи алифбои нави тоҷикӣ” (24 май, 27 май, 28 май, 30 май, 2 июн, 4 июн, 8 июн) ба табъ мерасанд. 
Ҳавливу хонаи Мунзим ҷойи ҷамъомаду суҳбатҳои зиёиёни тоҷик, аз қабили Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрави Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ буд. Ӯ дар тарбияи як қатор адибон, аз ҷумла Суҳайлӣ Ҷавҳарзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ саҳм дорад. 
Солҳои 1932-1934 бар зидди Мунзим ҳуҷум авҷ мегирад. Мунзим дар соли 1934 ба бемории вараҷа ва варами шуш гирифтор шуд. Баъди чор шабу чор рӯз дар хона табобат гирифтан шифо намеёбад, баръакс беморияш авҷ мегирад ва ӯро ба беморхонаи шаҳр мебаранд. Ӯ 4-уми марти ҳамон сол дар ин ҷо чашм аз олами ҳастӣ мепӯшад. “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ҳамон рӯз чунин таъзияи кӯтоҳро ба нашр расонд: “Мунзим баъд аз андак касалӣ 4-уми марти соли 1934 дар беморхонаи шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) дар натиҷаи нохушии варами шуш вафот кард”. Дар ин вақт ӯ 59-сола буд.
Бо шунидани хабари бемории Мунзим устод Садриддин Айнӣ аз Самарқанд ба Сталинобод меояд ва бо ӯ мулоқот мекунад. Пас аз вафоташ тобути ӯро бо ҳамроҳии Абулқосим Лоҳутӣ ва котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон (сарвари вақти давлат) Г.И. Брейдо ва дигар адибони тоҷик бардошта, дар гӯристони наздики масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб ба хок месупоранд.
Ба маълумоти адабиётшинос Соҳиб Табаров Мунзим соли 1930 барои кор  ба рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” даъват мешавад ва ӯ ин даъватро мепазирад. Чандин шеърҳои публитсистӣ ё худ мақолаҳои назмияшро Мунзим дар ин рӯзнома ба табъ мерасонад. Инчунин, мақола, очеркҳо ва хабарҳояшро ҳангоми фаъолият дар ин рӯзнома менависаду чоп мекунад. Яке аз мақолаҳои ӯ бо номи “Дар бораи адабиёти тоҷик” мебошад, ки 5-уми майи соли 1930 нашр гардидааст. Мақолаи дигари ӯ бо номи “Як адиби тоҷик” дар бораи Аҳмади Дониш буда, 5-уми июни соли 1930 онро пешкаши хонандагон намудааст.
Тавре ин муҳаққиқ менависад: “...ташаккул ва чопи мутассили саҳифаи “Адабиёт ва санъати нафиса”-и рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” бо фаъолият ва номи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим вобастагии қавӣ дорад ва ӯро асосгузор ва мураббии ҳамин саҳифаи ин рӯзнома шумориданд ва мешуморанд”.
Албатта, боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва дӯстдори ин рӯзномаи бонуфуз мебошад, ки Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар оғози солҳои сиюми асри рафта корманди он буд. Ёдаш ба хайр бод!

Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив