ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНФРОНСИ ОБИ СММ. БОЗТОБИ ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАСОНАҲОИ ҶАҲОН

КОНФРОНСИ ОБИ СММ. БОЗТОБИ ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАСОНАҲОИ ҶАҲОН

30 март 2023, Панҷшанбе
61
0

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 барои дарки ҳақиқати равшан ёрӣ расонд. Об ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумии башар ҳамаи моро муттаҳид менамояд. Аз ин рӯ, об бояд дар меҳвари рӯзномаи сиёсии ҷаҳонӣ бошад.
Антониу ГУТЕРРИШ, Дабири кулли СММ 
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» (22 – 24 март, қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, Ню-Йорк) имкони беназир барои суръат бахшидан ба пешрафт дар самти дастрасии ҳамагон ба оби бехатар ва санитария то соли 2030 буд. Ин чорабинии сатҳи баландро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерландия Виллем-Александр ҳамраисӣ карданд. Дар Конфронс намояндагони тамоми зинаҳои ҳукумат, ҳамчунин, олимон, вакилони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардуми бумӣ, бахши хусусӣ ва ҷавонон ширкат доштанд. Антониу Гутерриш мутмаин аст, ки “тамоми умедҳои инсоният ба оянда аз интихоби роҳи идоракунии устувори захираҳои об ва ҳифзи онҳо барои мардуми имрӯзу оянда вобаста аст”.
Ин матлабро зери унвони “Ширкаткунандагони Конфронси таърихӣ дар Ню-Йорк Барномаи амал оид ба захираҳои обро қабул карданд” сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид навишт. Ин сомона ҳар рӯзи Конфронсро натиҷагирӣ карда, барои хонандагон гузоришҳо нашр мекард. Расонаҳои маъруфи ҷаҳон ҳамчун манбаи боэътимод бо истинод ба ин сомона аз рафти Конфронс хабарҳо чоп намуданд.
Шабаки байналмилалии телевизионии “МИР” (mir24.tv) зери сарлавҳаи “Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки муносибатро бо захираҳои об дигар кунем” менависад, ки Ню-Йорк се рӯз ба маркази баррасии масоили ҷаҳонии об табдил ёфт. Дар Конфронс аз кӯҳҳо, пиряхҳо ва рӯдхонаҳои пуроби Тоҷикистон то соҳили баҳр ва ҷазираҳои Нидерланд ҳама чизи марбут ба об баррасӣ шуд. Ба таъкиди ин расона, Конфронси оби СММ баъд 46 сол бори дувум дар чунин сатҳи баланд доир мегардад. 
– Мо, аллакай, беш аз 600 уҳда-дории ихтиёрӣ қабул кардем ва бояд пайи амалӣ кардани онҳо шавем. Мо ба идомаи ҳамкориҳои мутақобила бо шарики боэътимоди худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли уҳдадориҳои миллии барои ҳар ду ҷониб судманд манфиатдорем. Итминон дорем, ки Конфронси оби СММ – 2023 ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард, - иқтибос овардааст аз суханронии Ли Сзюнхуа, муовини Дабири кулли СММ дар умури иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.
“Мехоҳам мардуми Тоҷикистонро табрик намуда, ба ҷониби Тоҷикистон барои ҳамраиси Конфронси оби СММ - 2023 изҳори сипос намоям. Зиёда аз 20 сол аст, ки мо дар Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои об, мубориза бо ифлосшавии он ва дигар мушкилоти марбут ба об ҳамкорӣ дорем. Охир, об муҳимтарин воситаи тараққиёти иқтисодиёт, хоҷагии қишлоқ, экология ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ мебошад. Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи об ҳамеша мавқеи пешсафро ишғол кардааст”, – гуфт Олга Алгаерова, дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо дар суҳбат бо Телевизиони “МИР”.
Ба навиштаи оҷонсии “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабинии серӯзаро ба Душанбе даъват кард. “Ҳамаи шуморо ба Конфронси навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоям”. - Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем, – иқтибос меоварад аз суханронии Сарвари давлат.
“Тоҷикистон   ба  Созмони  Милали  Муттаҳид   тоҷи тиллоии даврони шоҳигарии бостонии Кӯшониёнро тақдим кард” (Маросими тақдими туҳфа дар ҳошияи Конфронси оби СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд), –  менависад дар ин бора tass.ru. 
– Туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Дабири кулли СММ Катрин Поллард тақдим кард. Тоҷи кунгурадор бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик – ибтидои давлатдории Кӯшониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита дорад, – омадааст дар хабари ТАСС.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш  зимни Конфронс дар мавриди амнияти об башарро ба масрафи беандешонаи об муттаҳам кард ва масрафи обро “хуношом” («вампирӣ») номид. Суханони Гутерришро агентии Reuters иқтибос овардааст.
Оҷонсии Рамблер аз суханронии Антониу Гутерриш иқтибос оварда, чунин менависад: “Гутерриш гуфт, ки чоряки аҳолӣ оби хатарнокро менӯшанд,  нисфи онҳо аз шароити санитарии одӣ маҳруманд. Илова бар ин, бештари фалокатҳои охир «ба об алоқаманданд». Дар робита ба ин, Гутерриш аз мақомоти кишварҳо хостори тақсими оқилонаи об шуд. 
Расонаи gazeta.ru бо истинод ба сомонаи uza.uz, менависад, ки Саида Мирзеева, узви ҳайати Ӯзбекистон, дар Конфронси оби СММ дар бораи оқибатҳои офати Арал ва тадбирҳои густурдаи коҳиши он суханронӣ карда, чунин меафзояд: “Муйноқ дар наздикии Арал як бандари ободи дорои иншооти бузурги истеҳсолӣ буд, вале пас аз вайрон шудани мувозинат дар соҳили баҳр дар ҷойҳои хушкшуда қабристони киштиҳо пайдо шуд. «Буҳрони баҳри Арал як ёдоварии даҳшатнок дар бораи оқибатҳои беэътиноии инсон ба муҳити зист аст. Аммо ба шарофати заҳмати мардуми ғамхор он боз ба рамзи умеду навсозӣ табдил меёбад». 
Тибқи иттилои Шабакаи телевизионии Швейтсария SRF, Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, таъкид кардааст, ки ҳама умеди башарият барои рафъи буҳрони об ҳоло ба интихоби роҳи нави муштарак ва иқдомоти фаъоли тамоми давлатҳо ва ширкаткунандагони Конфронс вобаста мебошад. 
Бино ба гузориши Телевизиони “Ал-Ҷазира”, ки дар робита ба Конфронс буд, давоми 40 соли ахир истифодаи об ҳар сол тақрибан як дарсад афзоиш меёбад. Интизор меравад, ки ин раванд бо ҳамин суръат то соли 2050 идома меёбад, зеро аҳолии сайёра дар ҳоли зиёдшавист. 
Тибқи гузориши Телевизион, ба ҳисоби миёна, 10 дарсади аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое ба сар мебарад, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. 
“Хабарнигорони мо бо модаре, ки духтар дорад вохӯрданд. Ӯ ҳар рӯз километрҳоро тай мекунад то барои оилааш об пайдо кунад”, – таъкид менамояд “Ал-Ҷазира”. 

Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

P.S. Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»,  дар ҳоле баргузор гашт, ки тибқи иттилои расмӣ ду миллиард нафар аҳолии сайёра бо оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сею ним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надорад. Гузашта аз ин, ин омор рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Бар пояи маълумоти СММ, ба ҳолати моҳи марти соли 2023 дар ҷаҳон 2 миллиард нафар, умуман, ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив