ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУРАХШИ РАШТ.  БАРДОШТ АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВОДӢ

ДУРАХШИ РАШТ.  БАРДОШТ АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВОДӢ

23 сентябр 2024, Душанбе
14
0
Воқеан, имрӯзҳо бо дидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҳамвору васеъ, нақлиётҳои мусофиркашонии муосир ва дигар корҳои созандагӣ қалби ҳар фарди худогоҳ ба зиндагӣ  беш аз пеш гармтар мегардад, ки ин ҳама самараи замони соҳибистиқлолист.
 
Албатта, ин ободкориҳо аз баракати пойдор будани ваҳдату якдилист, ки бо заҳмату  талошҳои фидокоронаи Сарвари муаззами миллат ба даст омадааст. Таърих борҳо собит намудааст, ки дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре мегузоранд. Воқеан ҳам, қавииродагӣ, матонат ва хоксориву фурӯтанӣ ва ғамхориҳои падаронаи ин абармарди миллат шоистаи таҳсин аст. 
Инак, тайи чанд рӯз буд, ки дар телевизион сафарҳои Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ намоиш доданд ва ҳар яки мо шоҳиди ҳамаи пешравиҳо ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ шудем. 
Дар ҳар сафаршон абармарди бузурги миллати тоҷик мекӯшанд, то аз ҳоли дили мардум аз наздик огоҳ бошанд. Баҳри сарҷамъиву осудагии мардум бо ҳама рӯ ба рӯ суҳбату вохӯриҳо доир менамоянду якеро духтараму дигареро писарам гуфта, падарвор насиҳат мекунанд, фикру андешаҳои ҳар яки онҳоро шунида, дар роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳояшон маслиҳатҳои судбахш медиҳанд. Воқеан, ҳар ҷое, ки қадами  ин марди асил расад, он ҷо ободу шукуфо мегардад. Инро бори дигар дар ободиву осудагӣ ва шукуфоиву хандаи тифлон, бахусус шодии бекарони модарону хоҳарони водии Рашт,  бармало мушоҳида намудем. Ҳар боре дар рафти сафарҳояшон ободиву гулгулшукуфӣ ва ба орзуҳояшон расидани мардумро мебинам, ҳамчун камтарин фарди ин миллат дар худ меболаму аз доштани чунин Роҳбар шукр мекунам. Ғамхориҳои мунтазами Сарвари давлати тоҷикон нисбат ба миллату давлат тамоми дунёро ба ҳайрат овардаасту намунаи ибрати ҳамагон гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин маврид Раиси Парламенти Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним дар бораи Роҳбари давлати Тоҷикистон чунин гуфтааст: «Дар Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд, ҳамчунин на ба ҳама президентон муяссар мегардад, ки чунин неъмат – умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандашавӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад». 
Воқеан ҳам, бо вуҷуди масъулияти вазнинро бар дӯш доштану дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ намудани миллат ва ҳамасола назди мардум рафтану кумаку дастгирӣ кардани онҳо  корест, ки на ҳама тавонашро дорад. Ҳамеша дастгири бепарасторону ятимонанд. Касеро дар лаҳзаҳои душвор танҳо намегузоранду бо насиҳату андарзҳои гаронарзиш бар ояндаи дурахшон ва зиндагии осоишта ҳидоят мекунанд. Бо хислати ба худ хоси хоксоронаашон мунтазам бори гаронеро бар дӯш мегиранду ҳамаро дар қалби бузургашон ҷой дода, муҳаббати падарона мебахшанд. Боре шоҳиди хархашаи кӯдакон дар кӯча шудам, ки ҳар яки онҳо «Эмомалӣ Раҳмон бобои ман аст», – гуфта, даъво доштанд ва чунин суханҳо аз забони ширини ишон дар манотиқи гуногуни кишвар пайваста садо медиҳанд. Хурду бузурги тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранду чун Роҳбари арзандаи давлат, кафили сулҳу оромӣ эътироф мекунанд ва аз Пешвои хеш ифтихор доранд. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив