ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДИРЕКТОРИ ИДОРИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ОИД БА АМАЛИЁТҲО 

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДИРЕКТОРИ ИДОРИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ОИД БА АМАЛИЁТҲО 

24 сентябр 2024, Сешанбе
6
0
23-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо директори идории Бонки ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки тули 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллари ИМА татбиқ шудааст.
Масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи суҳбат буданд.
Ба Бонки ҷаҳонӣ барои пешсафӣ ва иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳори сипос карда шуд.  
Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва идомаи раванди ислоҳот табодули андеша сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, бахусус барои тавлиди энергияи барқароршаванда ва рушди кишоварзӣ мебошад ва зарур аст, ки барои истифодаи босамар аз ин имконот дастгириҳои байналмилалии молиявию техникӣ афзун гарданд.
Ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
 
 
 
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО  ВЛАДИМИР ВОРОНКОВ
23-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешавад.
Барои муқовимат бо чунин таҳдидҳо истифода аз имконоти хадамоти дахлдор, сохторҳои махсуси созмонҳои байналмилалию минтақавӣ зарур шумурда шуд.
Зикр гардид, ки дар конфронси қарибулвуқуъ дар Давлати Кувайт дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризми байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.
 
 
 
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БО ХОНУМ СЕЛЕСТЕ САУЛО
23-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва рӯзномаи глобалии обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе” ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки “дар ин замина, мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, ки чандин даҳсолаҳо идома дорад, аҳамияти хос медиҳем”.
Нақшаи дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо намунаи ин ҳамкорӣ номида шуд.
Ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, селу обхезӣ, фаромадани ярчу тарма, таъсири манфии офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишварҳо, дигар пайомадҳои фалокатбор ва пешгирии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таҳкими минбаъдаи иқтидори техникии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони он ва омода кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология, самти муҳиму судманди ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ арзёбӣ шуд.
Ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
 
Санаи нашр: 24.09.2024 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив