ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФЕСТИВАЛИ НАВРӮЗӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

ФЕСТИВАЛИ НАВРӮЗӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

30 март 2023, Панҷшанбе
11
0

Ташаккул ва инкишофи муҳити солиму созандаи фарҳангӣ омили муҳими беҳтар шудани сифати ҳаёт дар кишвар мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун, иҷрои муваффақонаи барномаҳои давлатии ба рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии ҷумҳурӣ нигаронидашуда, шаҳрвандон бояд дорои ахлоқу маънавиёти баланд, инсонпарвар ва ба миллату Ватани худ содиқу вафодор бошанд. Ин сифатҳо ва фазилатҳои ахлоқӣ дар шаҳрвандон тавассути рушди неруи эҷодӣ, ҳифзи анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангӣ ва мутобиқсозии онҳо ба хусусиятҳову талаботи рушди ҷомеаи муосири миллӣ ва умумибашарӣ ташаккул меёбанд. Барои бунёди муҳити солиму созандаи фарҳангӣ дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ба таври муташаккилона ба роҳ мондани шаклҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла фестивал-ҷашнвораҳо, аҳамияти амалӣ доранд. Нақши фестивал – ҷашнвораҳо дар фазои фарҳангҳои миллӣ ва равандҳои ҷаҳонии фарҳангӣ дар адабиёти муосири илмӣ ба таври равшан шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
Фестивал гуфта дар адабиёти илмӣ ҷашнвораи оммавӣ дар назар дошта мешавад, ки онро намоиши ҳунарҳои мардумӣ, азназаргузаронии баъзе намудҳои санъатҳои халқӣ ва анъанаҳои дигари этнофарҳангӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҷашнвораи наврӯзӣ, ки таҷлили он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кишварҳои дигари шомили ҳавза густариши Наврӯз тайи чанд соли охир ба ҳукми анъана даромадааст, дар таркиби худ илова бар ҳамаи ин унсурҳои зикршуда, инчунин, унсурҳои дигари фарҳанги миллиро низ, дорад ва ин ба мо иҷозат медиҳад, ки ин ҷашнвораи хуҷастаро ҳамчун як фестивали фарҳангӣ эътироф кунем. Илова бар ин, бо ишора ба Ҷашни байналмилалӣ эътироф шудани Наврӯз, тахмин кардан мумкин аст, ки дар оянда, ин ҷашнвора шаклан ва мазмунан боз ҳам рушду такомул ёфта, ба як фестивали фаромиллӣ – байналмилалии фарҳангӣ табдил хоҳад ёфт. Азбаски хамирмоя ё ҷавҳари ин ҷашнвораи бузург, асли он – фарҳанги бостонии мардуми ориёитабор (халқҳои таҳҷоии Осиёи Марказӣ ва Эрон) яъне, аҷдодони тоҷикону форсҳо мебошад, пас, ҳамзамон, бо ҷаҳонишавии ҷашнвораи наврӯзӣ, ҷаззобӣ ва ҷолибияти фарҳанги миллии тоҷикон ва гаҳвораи ин ҷашнвора – Тоҷикистони муосир дар назари ҷаҳониён дар оянда боз ҳам бештар хоҳад шуд. Аз ин нуқтаи назар, пажӯҳишу такмил ва танзими консептуалию амалии фестивали наврӯзӣ яке аз вазифаҳои усулан муҳими илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Қадами нахустин дар иҷрои ин вазифа – таҳия ва такмили консепсияи фестивали наврӯзӣ дар заминаи дастовардҳои илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ мебошад. Дар ҳар як кишвари мутамаддину пешрафтаи ҷаҳон, барои пажӯҳиши амиқу ҳамаҷонибаи анъанаҳои миллӣ – фарҳангӣ, ҳифз, бозсозӣ ва мувофиқи талаботи моддию маънавии ҷомеаи муосир такмил ва рушд додани онҳо мунтазам тадбирҳо андешида ва дар амал татбиқ карда мешаванд.  
Дар мавриди Ҷашнвораи наврӯзӣ, чунон ки дар солҳои охир аз тариқи ВАО ва шабакаҳои интернетӣ мушоҳида мегардад, он дарвоқеъ, ба як воситаи ҷаззоби намоишдиҳандаи фарҳанги миллии мо дар тамоми ҷаҳон табдил ёфта истодааст. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки дар баъзе шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ, масалан, дар шаҳрҳои Россия, кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА маҳз бо тамошои Ҷашнвораи наврӯзӣ таваҷҷуҳи хориҷиён ба Тоҷикистон, мардуми он, таърих ва фарҳанги бостонию пурғановаташ зиёд мешавад.
Барои дар марказҳои фароғатию фарҳангии кишварҳои хориҷии дуру наздик ташкилу баргузор намудани ин Ҷашнвораи пуршукӯҳ, ки дар фарҳанги бостонии тоисломии тоҷикон ташаккул ёфта, минбаъд ба фарҳангҳои халқҳои дигари турктабори Шарқ ва, ҳатто арабҳо, таъсири созанда расонда, дар замони муосир ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ расман шинохта ва эътироф шудааст, кормандони сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он кишварҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими он кишварҳо саҳми бузург гузошта истодаанд. Таҷлили Ҷашнвораи наврӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва тавассути он ба шаҳрвандони кишварҳои дигар муаррифӣ кардани ҳунару санъатҳои миллии тоҷикон, либосҳо, таомҳои миллии тоҷикон, табиати нотакрори кишвар, кӯҳҳои осмонбӯс ва чашмаҳои мусаффо, обу гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хуштаъму аз ҷиҳати экологӣ тоза ва захираю сарватҳои зеризаминии мамлакат, шоирону мутафаккирони бузурги тоҷик ва асарҳои оламшумули онҳо, сохтмонҳо ва корхонаҳои бузурги истеҳсолию саноатӣ ва дастовардҳои бузурги замони Истиқлол, дар маҷмуъ, тадбирҳои амалие мебошанд, ки дар сурати муваффақона ва мунтазам амалӣ шуданашон дар оянда барои ҷалби бештари  сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Махсусан, дар ҷашнвораҳои наврӯзӣ ташкил кардани намоиши китобу маҷаллаҳо ва маълумотномаҳо дар бораи фарҳанги гузаштаву муосири тоҷикон ва иқлиму табиати нотакрори мамлакат шавқу рағбати хориҷиёнро ҷиҳати сафар кардан ба ин сарзамин ба мақсади сайёҳӣ таҳким бахшида метавонад. Ҷашнвораи наврӯзӣ барои рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвар низ, нақш ва саҳми назаррас дорад. Маҳз дар рӯзҳои таҷлили ин Ҷашн сайру тамошоҳои оммавӣ, гурӯҳӣ ва инфиродии шаҳрвандон дар дохили кишвар бештар мешавад. 

Зиёвиддин ШОЕВ, 
номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Азизулло МИРЗОЗОДА, 
корманди масъули ин Марказ

Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив