ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

25 сентябр 2024, Чоршанбе
10
0
23-юми  сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Дар мулоқот рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо нақши Созмонро дар татбиқи барномаҳои муҳими сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварамон қадр мекунем.
Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд. 
Ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, нобудшавии гуногунии биологӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, татбиқи Рӯзномаи-2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳар ду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.
Мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ҳам сурат гирифт.
 
 
 
ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО  РАИСИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.
Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим дониста шуд.
Дар фароварди мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтарам Масъуд Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
 
 
 
ГУФТУГӮИ САРВАРИ ДАВЛАТ  БО АМИРИ ДАВЛАТИ ҚАТАР  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуданд.
Зимнан, масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарварони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
 
 
 
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЛИАҲДИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва таъмини амният табодули афкор карданд.
Барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти арабӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд. 
Истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро аз самтҳои дигари ҳамкории ояндадори ду кишвар номиданд. Ҳамчунин, оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ҷудо намудани бурсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва фанҳои дақиқ барои шаҳрвандони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Зимни баррасии масоили вобаста ба таъмини амну субот ҷонибҳо аҳамияти баргузории Конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ “Марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе”-ро, ки ба наздикӣ дар Кувайт баргузор хоҳад шуд, таъкид доштанд.
 
 
Санаи нашр: 25.09.2024 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив