ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР СИРИШТИ БУЗУРГ АСТ

МОДАР СИРИШТИ БУЗУРГ АСТ

25 сентябр 2024, Чоршанбе
31
0
Модар – сиришти бузург, Модар – созандаи асил, Модар –хилқати муъҷизавӣ, Модар муқаддас аст…
Ёди модарам бароям хеле арзишманд аст, зеро, аз рӯзе, ки ақламро шинохтаам, модарамро хаста, оғуштаи дард, дар ҳолати оҷизӣ дарёфтаам. Ман хандаи аз таҳти дил ва беолоиши модарамро ёд надорам. Мудом гирифтори дард буд, бечора модарам. Хаста бошад ҳам, ба мо бисёр меҳрубон буданд. Дар рахти хоб ҳам аз мо суханҳои бонавозишу ширинашанро дареғ намедошт.  
Ёд дорам, рӯзе, дар овони бачагиям, таб кардам. Ними шаб хостам берун бароям. Модари ночорам маро берун бурд. Аз ҳарорати баланд ҳама чиз дар назарам бузург метофт, гӯё дастонам варамида буданд. Инро ба модарам гуфтам. Сахт хавотир гашт. Маро хобонд, баъди каме ором гаштан, овози гиряолуди модарро шунидам:
- Парвардигоро, бачаамро дар паноҳат нигаҳ дор, ҳамаи дардҳоро ба ман бифирист, ба бачаам раҳм намо. Офаридгоро, хоре, ки ба пойи бачаам мехалад, ба рухсораи ман халон..
Ман дар он вақт маънии аслии нолаҳои модарамро он қадар сарфаҳм нарафта будаам, баъди гузашти солҳо изтиробҳои модари мушфиқамро эҳсос намудам. Худ аз дард азоб кашад ҳам, аз Худо ба ман шифо мехост. 
Ҳангоми дар синфи ҳафтум таҳсил намуданам, дари оғил вайрон шуд. Бори аввал аз касе напурсида, мустақилона ба даст асбобҳои дуредгарӣ гирифта, аз тахтаҳои куҳна даре сохтам. Бад набаромад, он қадар нағз набошад ҳам, аз дари пешинаи оғил беҳтар буд, то бегоҳии рӯз ба ин кор машғул гаштам. Модарам дар айвони хонаамон, болои кат беҳол мехобиданд. Вақте корро ба анҷом расондам, маро ба наздашон хонда, гуфтанд:
- Бачам, дастам гир, ҳавлиро чарх занам.
Ман хушҳол гаштаму аз дасти модар доштам. Каме ҳавлиро чарх заданду ба назди оғил гузашта ба дари нав дуру дароз назар дӯхтанду чизе нагуфтанд.
Сипас, модарамро ба ҷояшон овардам. Гиря карданд. Ман ҷуръати ба модар нигаристан надоштам, хомӯш менишастам. 
- Писарам, дари сохтаатро дидам, гиряи ман аз шодӣ. Аз дари сохтаат даромадан ба ман насиб мегашта бошад…
Ман бача будам. Маънои аслии гуфтаҳои модарро амиқ дарк карда наметавонистам. Барои чӣ насиб намегаштааст? Ҳайрон будам… Фақат ҷилваи шуълаи армонро, ки дар дидаи модар буд, эҳсос намуда будам…
Афсус, насиб накард. Модарам баъди ду сол дунёро падруд гуфтанд. Мани наврас аз паси тобути модар равон пай мебурдам, ки ба санҷишҳои сахти рӯзгор рӯ ба рӯ гаштаам…
Тақдирро бинед, соҳиби хона шудам. Оила бунёд кардам. Фарзанддор шудем. Имрӯз се духтарамро, ки аз якдигар ширинтаранд, «Модарҷон» гӯён навозиш  мекунам. Модарамро ба ёд орам, духтари калониам – Саёҳат маҳзун мегардад. Ӯ хуб медонад, ки ҳангоми модарамро ба ёд овардан, ғамгин мешавам. Духтарам Маърифат низ розӣ мешавад, ки модарам бошад. Духтари хурдиям – Шаҳло – симояш, чашму абрувонаш модарҷонамро ба ёд меорад. Ӯ мехоҳад, ки фақат худаш танҳо ба ман модар шавад. Аз апаҳояш маро рашк мекунад. «Ту ба модари ман бештар монанд ҳастӣ» гӯям, бо ифтихор сӯи апаҳояш «дидед» гӯён нигоҳ мекунад. Ӯ ҳоло кӯдак аст. Ба духтаронам нигариста, дар симои ҳар яки онҳо модари ба муроднарасидаамро мебинам. Ормонҳои модари мушфиқам дар зиндагии апаҳояму духтаронам ҷомаи амал пӯшиданашро аз Яздони пок илтиҷо дорам.
Ҳар сол дар арафаи Рӯзи Модар апаҳоямро табрик менамоям. Онҳо модарамро ба ёд меоранд. Ҳангоми ба хонаамон омаданашон, гӯё модарам вориди кошонаам мешавад, хушҳол мешавам. 
 
Искандар МАҲМАДАЛИЕВ
Санаи нашр: 25.09.2024 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив